Тантанаҳои наврӯзӣ дар Мастчоҳ аз Наврӯзи деҳаи Палдорак оғоз ёфтанд
ДУШАНБЕ, 10.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Палдораки ноҳияи Мастчоҳ тантанаҳои наврӯзӣ оғоз ёфтанд. Тибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ, сокинони деҳаи Палдорак Наврӯзро ҳар сол аз дигар манотиқи кишвар пештар истиқбол ва таҷлил менамоянд.
Дар барномаҳои идонаи мардуми деҳа раиси ноҳия Ғайрат Азиззода иштирок намуда, сокинон ва меҳмононро ба муносибати ин иди ҷаҳонӣ табрик гуфт. Ғайрат Азиззода таъкид намуд, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи оламафрӯз бо тамоми суннатҳояш комилан эҳё гардида, ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ эътироф шуд.
Тибқи анъанаи мардуми ин минтақа дар ин рӯз гӯштини наврӯзӣ баргузор гардид, ки дар он паҳлавонҳо аз навоҳии вилояти Суғд иштирок доштанд. Пухтани хӯрокҳои миллии наврӯзӣ, ба монанди суманак, кашк, нони бо ҳалво ва оши палав дар тарафи дигари майдон зеббахши ин ҷашни фархунда буд. Барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки санъаткорони шинохтаи ноҳия суруру шодии ҷашнро дучанд намуд.
Бояд гуфт, ки як хусусияти дигари Наврӯзи ин деҳа он аст, ки ҳамаи сокинон субҳи наврӯзиро бо либосҳои миллии идона, оростани дастархон, табрики ҳамдигар ва аёдати беморон истиқбол мегиранд.








Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад






