Таъсиси коргоҳи бофандагӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

Март 11, 2017 14:26

Ш.  ШОҲИН,  11.03.2017 /АМИТ  «Ховар»/.  Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон коргоҳи хурди атласу адрасбофй ба фаъолият оғоз кард. Дар ин ҷо духтарони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд ва бо мақсади эҳёи ин ҳунарҳо 20 нафар духтарон ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Онҳо тавассути филиали Муассисаи давлатии Маркази таълимии калонсолон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз ҳисоби «Барномаи мусоидат ба шугли аҳолӣ» ба омӯзиш фаро гирифта шуда, барои таҷрибаомӯзӣ ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд сафарбар гардида буданд.

Бо мақсади дар маҳалҳо омӯзонидани ин касб бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ду нафар мутахассисони соҳибтаҷриба аз Маркази таълимӣ-истеҳсолии «Навгилем» ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин омада, давоми як моҳ касби бофандагиро ба духтарон омӯзонданд.

Тавре  Миҷгона Ҷалилова, мутахассис аз шаҳри Исфара иттилоъ  дод,  ноҳияи Шамсиддини Шоҳин яке аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон аст, ки дар ин ҷо ҳунарҳои мардумй аз байн нарафтаву балки рушд мекунанд. Аз ҷумла, ҳунарҳои чакану кашидадӯзӣ, зардӯзию заргарӣ, сабадбофию кулолгарӣ ва дигар ҳунарҳои халқиро бонувон ривоҷ медиҳанд. Инак бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат қолинбофию атласу адрасбофиро ба роҳ мондаанд, ки ба ин васила ҳам ҳунарҳои мардумӣ эҳё мегарданду ҳам занҳои хонанишин соҳиби ҷои кори доимӣ мегарданд.

 

 

Март 11, 2017 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд