Баррасии масъалаи «Иқтисоди сабз ва рушди устувор» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Апрель 28, 2017 17:39

ДУШАНБЕ, 28.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи қабули қатъномаи СММ оид ба ташаббуси чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 – 2028, имрӯз дар факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки Сулҳия Содиқова, сардори Маркази захиравии Орхуси шаҳри Душанбе  дар мавзӯи «Иқтисоди сабз ва рушди устувор» семинар баргузор гардид. С. Содиқова ба донишҷӯён оид ба моҳияти Конвенсияи Орхус ва нақши он дар татбиқи рушди устувор ва иқтисоди сабз маълумот дода, алоқамандии рушди устуворро бо иқтисоди сабз шарҳ дод.

«Баррасии масъалаҳои экологӣ аз ҳар рӯзноманигор масъулияти ҷиддиро тақозо мекунад», — таъкид намуд сардори Маркази захиравии Орхуси шаҳри Душанбе имрӯз дар семинар. Ба андешаи номбурда, дар замони муосир, ки масъалаи экология хусусияти глобалӣ касб кардааст, зарур аст то рӯзноманигорон инъикоси ин масъаларо дар ВАО бештар намуда, барои беҳтар намудани маърифати экологии шаҳрвандон, аз ҷумла, пешгирии сарфаи беҳудаи об дар кори рӯзгор, огоҳонидани аҳолӣ аз оқибатҳои манфии беэътиноӣ нисбат ба муҳити зист, тарғиби истифодаи нақлиёти «тоза» ва ғайраҳо  кӯшиши бештар намоянд.

Ёдовар мешавем, ки семинари «Иқтисоди сабз ва рушди устувор» дар асоси нақшаи чорабиниҳои факултети журналистика баргузор гардид.

Апрель 28, 2017 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд
Сохтмони 36 манзили истиқоматӣ дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор ба андозаи 90 фоиз иҷро шудааст