Суғд: оғози корҳои обрасонӣ аз ҷониби пойгоҳҳои обкашӣ

Апрель 19, 2017 17:09

ХУҶАНД, 19.04.2017. /АМИТ«Ховар»/. Дар ноҳияҳои вилояти Суғд марҳалаи обрасонӣ ба зироати кишоварзӣ идома дорад. Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияҳои вилоят дар ин самт корҳои таъмири пурраи пойгоҳҳои обкашӣ ва тоза кардани иншооти обрасонро ба анҷом расонида, ба корҳои бо об таъмин намудани хоҷагиҳо оғоз кардаанд.

Аз ҷумла, дар яке аз ноҳияҳои калонтарини пахтакори вилояти Суғд – Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ ва 28 агрегат мавҷуд буда, соли равон баҳри таъмиру азнавбарқароркунии ин пойгоҳҳо ва дастраскунии қубурҳои калонҳаҷми диаметрашон 2020 миллиметра аз буҷети вилоят 610 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, таъмири пурраи он ба анҷом расидааст.

Тавре аз Идораи кишоварзии ноҳия иттилоъ доданд, пойгоҳҳои обкаши ноҳия 30 ҳазор гектар замини киштро бо об таъмин намуда, ҳамчунин 3800 хоҷагии деҳқонӣ, 32 ассотсиатсия ва 1900 гектар замини минтақаҳои ноҳияи Деваштич ва шаҳри Истаравшан аз тариқи пойгоҳҳои обкаши ноҳияи Зафаробод  обёрӣ мешаванд.

Апрель 19, 2017 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид