Аз 1 июн муҳлати қайди муҳоҷиратӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳрҳои Москва, Қазон, Санкт-Петербург ва Сочи 1 шабонарўз муқаррар шудааст

Май 26, 2017 12:06

ДУШАНБЕ, 26.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Мутобиқи Фармони Президенти Федератсияи Россия  аз 9 майи соли 2017 «Дар бораи хусусиятҳои татбиқи чораҳои бехатарӣ дар давоми баргузории Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2018 ва Ҷоми конфедератсияи ФИФА дар соли 2017 дар Федератсияи Россия» аз 1 июн то 12 июли соли 2017 дар шаҳрҳои Москва, Қазон, Санкт-Петербург ва Сочии Федератсияи Россия муҳлати қайди муҳоҷиратӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар мақомоти муҳоҷиратӣ 1 шабонарўз муқаррар карда шудааст.

Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар, шаҳрванди хориҷие, ки барои будубоши муваққатӣ (ё доимӣ) ва ё фаъолияти меҳнатӣ дар давраи баргузории мусобиқаи конфедератсияи ФИФА,аз 1 июн то 12 июли соли 2017 ба шаҳрҳои номбаршуда ворид мешаванд, бояд давоми як шабонарӯз ба қайди муҳоҷиратӣ гузошта шаванд.

Бинобар ин зарур аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи зикршуда (аз 1 июн то 12 июли соли 2017) мақсади воридшавӣ ба шаҳрҳои Москва, Қазон, Санкт-Петербург ва Сочиро доранд, дар  сурати надоштани имконияти дар як шабонарӯз ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштан, аз сафар ба шаҳрҳои мазкур худдорӣ намоянд. Зеро чораҳои амниятӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор дар ин давра пурзӯр гардида, қоидавайронкуниҳои ночиз метавонанд сабаби  татбиқи чораҳои қатъӣ аз ҷониби сохторҳои қудратӣ нисбат ба онҳо гарданд.

Бояд гуфт, ки чораҳои мазкур муваққатӣ буда, танҳо дар муддати 42 рӯз, яъне аз 1 июн то 12 июли соли 2017 татбиқ мегарданд ва онҳо на танҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон, балки ба ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ тааллуқ доранд.

Май 26, 2017 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид