Баррасии баъзе мушкилоти ҳаёти ҷавонон бо сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Май 11, 2017 11:43

ДУШАНБЕ, 11.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади  иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ аз ҳисоби масъулини вазорату идораҳо ба вилояти Суғд сафар кард.

Тавре мудири бахши таҳлилу иттилоотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Маҳмадуллоев  хабар дод, 10 майи соли равон мулоқоти раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Ғафуров, Исфисор ва Зарзамин доир шуд.

Вохурии раиси Кумитаи чавонон бо сокинони н. Б.ГафуровАҳтам Абдуллозода  аз таҳсили ғайриқонунии динии баъзе ҷавонон изҳори нигаронӣ карда, иброз дошт, ки «ба таҳсили ғайриқонунии динӣ рӯй овардани ҷавонон аз беаҳамиятӣ ва надонистани оқибатҳои даҳшатбори он аз ҷониби худи ҷавонон ва волидони онҳост. Волидон бояд ҳаёти фарзандони хешро зери хатар нагузошта, аз имкониятҳое, ки имрӯз   барои аз худ намудани илмҳои динӣ дар Тоҷикистон фароҳам оварда шудаанд, истифода баранд».

Раиси Кумита ҳамчунин бо волонтёрони Маркази ҷавонони ноҳия вохӯрӣ доир кард. Зимни вохӯрӣ волонтёрон ба фаъолияти васеътар  даъват карда шуданд.

Пас аз вохӯрӣ бо волонтёрон масъулин аз ҷараёни сохтмони майдончаи варзишӣ ва толори варзишие, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохта мешавад, дидан намуданд. Раиси Кумита ин иқдомро дар Соли ҷавонон ҳамчун туҳфаи хотирмон барои мардуми ноҳия маънидод намуд.

 

Май 11, 2017 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд