Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ ва баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба пули миллӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад

Май 25, 2017 15:37

ДУШАНБЕ, 25.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Таҳлили нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ ва низоми молиявӣ нишон медиҳад, ки тайи солҳои охир идомаёбии ноустувории молиявӣ дар кишвар фишорҳои қурбӣ ва таваррумиро дар иқтисодиёт афзун намуда, бинобар зиёд будани сатҳи долларикунонии низоми бонкӣ таъсири хавфҳои мавҷуда дар он бештар гардид. Вобаста ба ин, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати коҳиш додани таъсири эҳтимолии хавфҳо ва солимгардонии низоми бонкӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Баҳри тезонидани раванди дедолларикунонӣ дар иқтисодиёт, баланд бардоштани эътимод ва боварии аҳолӣ ба пули миллӣ ва низоми бонкӣ, бо пешниҳоди Кумитаи суботи молиявии Бонки миллии Тоҷикистон дар ояндаи наздик шояд ба қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда  шаванд.

Аз ҷумла, вобаста ба дигаргун кардани андозаи меъёри пардохтҳои тақвимии бебозгашти ташкилоти қарзӣ ба Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва андозаи ҷубронпулии Хазина ба пасандоздорон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» тағйиру иловаҳои нав пешниҳод карда мешаванд. Тибқи тағйиру иловаҳои пешбинишуда, андозаи фоизи пардохтҳои тақвимии бебозгашти ташкилотҳои қарзӣ ва андозаи ҷубронпулии Хазина ба пасандоздорон  аз рӯи асъор, яъне бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ гуногун муқаррар хоҳанд шуд.

Илова бар ин, ҷиҳати такмили гурӯҳбандии дороиҳои бо назардошти хавф баркашидашуда ба Дастурамал «Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ» тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд. Вобаста ба ин, барои ҳисоби меъёри кифоятии сармоя, қарзҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ бо асъори хориҷӣ дода шудаанд, ҳамчун дороиҳои бо назардошти хавф то 150 фоиз давра ба давра баркашида мешаванд.

Тавре аз шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, сари вақт амалӣ гардонидани тадбирҳои мазкур метавонад бевосита ба самаранокии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва амалисозии самтҳои асосии нақшаи стратегии онҳо мусоидат намуда, баҳри баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва таъмини суботи молиявӣ дар кишвар саҳми арзанда гузоранд.

 

 

 

Май 25, 2017 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд