Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон филми ҳунарии «Ота» намоиш дода шуд

Май 10, 2017 17:39

ДУШАНБЕ, 10.05.2017 /АМИТ  «Ховар»/. Имрӯз дар кинотеатри «Кохи Наврӯз» Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфтанд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ибодулло Машраб, муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон  ба шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти ду кишвар ва кӯшишҳои вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ҷашни бузург табдил ёфт.

«Синамогарони ӯзбек дар солҳои пешин дар офаридани шоҳасарҳои синамо ҳиссаи бузург гузоштаанд. Мо  медонем, ки дӯстони ӯзбеки мо дар филмофарӣ таҷрибаи ғанӣ доранд. Ин анъанаро арбобони имрӯзаи синамо сарбаландона идома медиҳанд», — изҳор дошт Ибодулло Машраб.

Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов, муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, роҳбари ҳайати расмӣ зикр намуд, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон   нишонаи он аст, ки дӯстии байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон сол то сол ривоҷ меёбад. Филмофарони тоҷику ӯзбек дар гузашта ҳамкории зич доштанд ва ин ҳамкорӣ минбаъд низ идома меёбад.

Сипас, филми ҳунарии «Ота» (Падар) намоиш дода шуд. Филм доир ба муносибатҳои байни падару модарон ва фарзандон дар оила, муқаддас донистани оила ва арзишҳои маънавии он нақл мекунад. Коргардони филм Абдухалил Мигнаров буда, нақши асосиро дар он Ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбекистон Маъруф Отаҷонов иҷро кардааст.

Филм дар чандин фестивалҳо дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон сазовори ҷоизаҳо гардида, аҳамияти тарбиявӣ дорад.

12 майи соли равон соати 14:00 дар кинотеатри «Кохи Наврӯз» Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон идома ёфта, филми ҳунарии коргардони ӯзбек Акбар Бектурдиев «Ойқиз эртаги» («Афсонаи дар бораи духтари моҳлиқо») намоиш дода мешавад.

 

Май 10, 2017 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид