Дар Кумитаи рушди маҳал масъалаҳои мубориза бо коррупсия ва роҳҳои пешгирии онро баррасӣ намуданд

Май 26, 2017 14:46

ДУШАНБЕ, 26.05.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, ҳайати кормандон ва кормандони Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии коррупсионии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Мубориза бо коррупсия ва роҳҳои пешгирии он» ҷамъомад баргузор гардид.
«Ҷамъомади имрӯза бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи баргузор намудани мулоқотҳо бо мақсади кам кардани амалҳои коррупсионӣ ва пешгирии амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ баргузор гардид»,-иброз дошт Тоҷиддин Ҷӯразода, муовини Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Кум Рушт Махал (2)Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, Саидғуфрони Абдулло, сардори шуъбаи назорати ҳуқуқии Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳое, ки ба мубориза бо коррупсия ва пешгирии хавфҳои коррупсионӣ дахл доранд, чунин иброз дошт: «Иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад. Вобаста ба ошкор намудани омилҳои институтсионалӣ, ки ба коррупсия мусоидат мекунанд, аз тарафи воҳидҳои сохтории Кумита таҳлилҳо гузаронида мешаванд».
Зикр шуд, ки коррупсия яке аз душвортарин масъалаҳо ва мушкилоти ҳар як ҷомеа ба ҳисоб меравад. «Мутаассифона, то имрӯз бо вуҷуди он ки барои аз байн бурдани амалҳои коррупсионӣ ҳаматарафа кӯшиш ба харҷ медиҳанд, вале то ҳол ба ҳеҷ як давлати дунё муяссар нашудааст, ки коррупсияро пурра аз байн барад. Аксари давлатҳои дунё тавонистаанд сатҳи ин падидаи номатлубро то ҳадде коҳиш диҳанд. Аз ҷумла, барои паст кардани ин зуҳуроти номатлуб тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Бо назардошти оқибатҳои ногувори ин падидаи номатлуб бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» тасдиқ шуд, ки дар доираи он самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати мубориза бар зидди коррупсия муайян гардиданд ва татбиқи он идома дорад»,- гуфт Шодком Турсунзода, сардори Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии коррупсионии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Май 26, 2017 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд
Сохтмони 36 манзили истиқоматӣ дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор ба андозаи 90 фоиз иҷро шудааст
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Гурӯҳи корӣ бо сокинону фаъолони шаҳри Хоруғ вохӯрӣ анҷом дод
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад