Дипломати тоҷик: «Дар Тоҷикистон «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҷойгоҳи бузург дорад»

Май 17, 2017 15:54

ДУШАНБЕ, 17.05.2017/АМИТ «Ховар»/. «Фирдавсӣ бо шоҳкории беназираш шӯҳраи офоқ гардидааст ва ҳеҷ ҳамосаи ҷаҳонӣ бо ин беҳтарин номаи бостон ҳамвазн нест»,- чунин  гуфт Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон Неъматулло Эмомзода дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи асарҳои ҳунарманди эронӣ Бобаки Гермчӣ марбут ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар Муассисаи фарҳангии ЭКО.

Дипломати тоҷик ҳамзамон таъкид кард ки дар Тоҷикистон пиру барно бо «Шоҳнома»-и сухансарои камназир Фирдавсӣ, ки арзиши таърихӣ, забонӣ, ҷуғрофӣ ва зебоишиносӣ дорад, шиносанд ва аксари хонаводаҳои тоҷик номи фарзандони худро бар пояи номи қаҳрамонони ин асар интихоб мекунанд.

Номбурда дар идома зикр намуд, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ бар пояи достонҳои «Шоҳнома»  киностудияи «Тоҷикфилм» 3 филм таҳия намуда буд, ки бо таваҷҷуҳ ба тарғиби арзишҳои маънавии мондагори ватандӯстӣ, ҷавонмардӣ, хушахлоқӣ ва гузашту фидокорӣ аҳамияти худро аз даст надодаанд. «Давлати мо муҷассамаи донои Тӯсро дар яке аз гӯшаҳои пойтахти  Тоҷикистон   гузошт ва чандин мактабу кӯча ва ноҳияеро дар Душанбе ба номи пири суханварони Аҷам номгузорӣ намудааст. Ҳамасола ба пос доштани номи ин абармарди олами адаб маҳфилҳои шоҳномахонӣ баргузор мешаванд», — афзуд Эмомзода.

Намояндаи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии  Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) Шоҳмансури Шоҳмирзо ба АМИТ «Ховар» аз Теҳрон иттилоъ дод, ки намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон дар рӯзи бузургдошти Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, ки ҳамасола 15 май барпо мешавад, дар маҳфилҳои адабӣ дар шаҳрҳои Язд, Кирмон, Машҳад ва Нишопур ширкат намуданд.

Ёдовар мешавем, ки имсол Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ таҳти унвони «Рӯзи посдошти забони форсӣ – тоҷикӣ» эълом шуд.

 

 

Май 17, 2017 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид