Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ин навбат дар Туркманистон баргузор мешаванд

Май 23, 2017 15:20

ДУШАНБЕ, 23.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон, инчунин муаррифии санъат ва фарҳанги тоҷик аз 27 май то 2 июни соли равон дар Ҷумҳурии Туркманистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Ҷумҳурии Туркманистон баргузории барномаи консертӣ, намоишҳои санъати тасвирӣ ва аксҳои «Тоҷикистони муосир», мӯд, либосҳои миллӣ ва филмҳои тоҷикӣ дар назар аст.

Роҳбарии ҳайати расмии Рӯзҳоро муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зевар Давлатзода бар уҳда дошта, ба барномаи консертӣ бозёфтҳои эҷодии Ансамбли рақсии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, сарояндаи опера Шарофат Усмонова, овозхонҳои Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и Кумитаи телевизион ва радио Ситораи Кароматулло ва Хуршед Иброҳимов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Парвин Юсуфӣ, сароянда ва мутриб Бахтиёр Баёнӣ шомиланд.

Иштирокчиёни Рӯзҳо дар пойтахти Туркманистон- шаҳри Ашқобод ва дигар мавзеъҳои ин кишвар барномаҳои ҷолиби консертиро иборат аз сурудҳои классикӣ, эстрадӣ ва опера, рақсҳои гуногун, инчунин сурудҳои эстрадии тоҷикӣ ва туркманӣ манзури шаҳрвандони Туркманистон менамоянд.

Барномаи ҳунариро ҳамчун роҳбари бадеӣ Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлат Убайдуллоев таҳия кардааст.

 

 

 

Май 23, 2017 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд
Сохтмони 36 манзили истиқоматӣ дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор ба андозаи 90 фоиз иҷро шудааст
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Гурӯҳи корӣ бо сокинону фаъолони шаҳри Хоруғ вохӯрӣ анҷом дод
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад