Бахшида ба Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар Хуҷанд конфронси илмӣ доир гардид

Ноябрь 16, 2017 16:48

ХУҶАНД, 16.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Муҳимтарин  дастоварди бузурги Иҷлосияи таърихӣ интихоби Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди бонангу номус ва вафодори миллат, далеру шуҷоъ, покзамиру нексиришт ва дорои ҳувияти баланди миллӣ ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Роҳбари давлат дар ҳоле зимоми ҳокимиятро ба даст гирифтанд, ки халқи тоҷик дар  ҳолати яъсу ноумедӣ қарор дошта, умед ба фардои ҳаёт норавшан буд. Вазифа ва ҳадафҳое, ки пешорӯ меистоданд- пойдории давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таъмини ҳарчи зудтари сулҳу субот, нигоҳ доштани якпорчагӣ ва давлати мустақили тоҷикон маҳсуб мешуданд. Ин суханон   дар конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақш ва аҳамияти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ» баён гардиданд.

Конфронси мазкур бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Маркази фарҳанг»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, дар конфронс  раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода доир ба «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон» гуфт, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори даврони нав дар лаҳзаи сарнавиштсоз ба саҳнаи сиёсат омада, давлати тозаистиқлоли моро аз вартаи ҳалокат, миллати тоҷикро аз парокандагию нобудшавӣ раҳониданд.
Ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷамшед Ҷӯразода, профессор Ваҳҳоб Набиев роҷеъ ба «Заминаҳои таърихии баргузории      Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирокчии Иҷлосияи тақдирсоз Каромулло Одилов хотираҳои хешро аз лаҳзаҳои тақдирсози ин иҷлосия баён карданд.

 

Ноябрь 16, 2017 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид