ФАРҲОД РАҲИМӢ: «МО БОЯД ФАЛСАФАИ МУОСИРРО ОМӮЗЕМ…». 21 ноябр- Рӯзи умумиҷаҳонии фалсафа

Ноябрь 21, 2017 12:26

ДУШАНБЕ, 21.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. «Мо  бояд фалсафаи муосирро омӯзем, фалсафаи истиқлолиятро омӯзем, фалсафаи ҷаҳонишавиро омӯзем, чунки дар асл ҷаҳонишавӣ ҷаҳонгардонист ва кишварҳои абарқудрат ин равандро ба хотири татбиқ сохтани манфиатҳои геополитикии  худ ба ҷаҳониён таҳмил намудаанд». Ин матлабро имрӯз, 21 ноябр президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ дар Конференсияи илмӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии фалсафа таҳти унвони «Масоили мубрами фалсафаи муосир», ки дар Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимони файласуф доир гардид, баён дошт.

Фарҳод Раҳимӣ зикр намуд, ки «суиистифода шудани бархӯрдҳои мазҳабӣ, динӣ ва миллӣ аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатҷӯ моро водор месозад, ки истиқлолияти давлатиамонро ҳифз кунем, чунки ба даст овардани истиқлолият аз ҳифз намудани он осонтар аст».

Ноиби президенти Академияи илмҳои ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ Абдураҳмон Муҳаммад дар рӯзи умумиҷаҳонии фалсафа олимонро ба таҳқиқ намудани усулҳои навтарини ҷаҳонгардонӣ даъват намуд.

Дар Конференсияи мазкур академикҳои АИ ҶТ Мӯсо Диноршоев ва Кароматулло Олимов сухан намуда, масъалаҳои мубрами фалсафаи муосирро пажӯҳиш карданд.

 

Ноябрь 21, 2017 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид