Конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи Шӯрои Олӣ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Бадахшон

Ноябрь 18, 2017 11:20

ХОРУҒ, 18.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон бо иштироки сардори Раёсат генерал-майори милитсия Абдулваҳоб Искандарзода, муовинони сардори Раёсат, устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ  Лаълҷуба Мирзоҳасан,  инчунин толибилмони Мактаби президентии шаҳри Хоруғ конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор шуд.
Дар саҳни Раёсати мазкур асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба намоиш гузошта шуданд.  Иштирокдорони конфронс  аз  намоишгоҳ дидан намуданд ва пас аз он филми ҳуҷҷатӣ оид ба дастовардҳои Истиқлолияти кишвар намоиш дода шуд.

Сардори РВКД дар ВМКБ Абдулваҳҳоб Искандарзода баён дошт, ки “Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қалби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ шӯълаи умед ба сўйи фардои неки давлатдории миллӣ, таъмини рўзгори босаодату пурнишоти мардуми кишварро фурӯзон намуд ва моро баистиқлолияти воқеӣ расонид. Истиқлолият ба ҳар ҳар давлат ба осонӣ муяссар намегардад. Ватани азизи мо- Ҷумҳурии Тоҷикистон низ то расидан ба соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ монеаю мушкилиҳои зиёдеро паси сар кард, вале хиради азалии тоҷикона ва ақлу иродаи созандаи фарзанди бонангу номуси миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабаб шуд, ки дар Тоҷикистон ваҳдату ягонагӣ, тинҷиву оромӣ ва ҳамдиливу хушбахтӣ оқибат тантана кунанд. Таваҷҷуҳи хоса ва баҳои мусбати Президенти кишварамон нисбат ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун қувваи нерудиҳанда масъулияти кормандони милитсияро даҳчанд баланд мебардорад.
Кормандони милитсия ҷавобан ба чунин эътимод ба Савганди худ содиқ монда, дар муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷиноятӣ дар сафи пеши мубориза меистанд, то  ба боварии мардум сазовор бошанд”.

Дар конфронси илмӣ-назариявӣ устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик профессор Лаълҷуба Мирзоҳасан дар бораи Иҷлосияи таърихии XVI- иҷлосияи воқеан сарнавиштсоз сухан ронда, гуфт, ки воқеан ин падида дар таърихи тамаддун ва давлатдории тоҷикон ва тақдири миллати куҳанбунёди мо нақши тақдирсоз гузоштааст ва он дар қатори барҷастатарин санадҳои таърихии миллатамон то абад боқӣ хоҳад монд. Ҳамзамон устоди Донишгоҳи шаҳри Хоруғ зикр намуд, ки таи чанд соли охир аз баракати Истиқлолият ва сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлат тамоми сарзамини мо аз дурдастарин музофотҳо то шаҳру шаҳракҳо ободу зебо гардида истодаанд. Аз чунин созандагию бунёдкориҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ, ки дар таърих собиқа надоранд, ВМКБ низ бархӯрдор аст. Дар асоси ҳидоятҳои наҷибу хирадмандонаи Президенти кишвар дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ бинову иншооти замонавӣ мавриди истифода қарор гирифтанд ва сулҳу суботи ҳамешагии кишвар ҳукмфармо мебошад.

Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии РВКД дар ВМКБ подполковники милитсия Нигина Боронзода иброз дошт, ки маҳз бо шарофат ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, Пешвои тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ватани азизи мо сулҳу ваҳдат, тинҷиву оромӣ ва амнияту субот ҳукмфармо мебошанд, ки инҳо неъматҳои бебаҳо буда, ғамхориҳои Президенти кишварамон ба мардуми ВМКБ дар рӯзҳои душвори ҳодисаҳои табиии дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон, ноҳияи Рӯшон ва ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз рухдода беандоза  арзёбӣ карда мешаванд.

Дар ҷамъомад инчунин муовини командири ДТММ РВКД дар ВМКБ лейтенанти калони милитсия Мухтор Мирзоқандов ва афсари дастурдиҳандаи ротаи сеюми алоҳидаи фаврии таъйиноти махсуси қисми ҳарбии 3503-и қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ лейтенанти калон Синдбод Суфиев баёни андеша карданд.

Дар фарҷоми конфронси илмӣ-назариявӣ толибилмони мактаби Президентии шаҳри Хоруғ дар васфи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шеърҳо қироат карданд.

 

 

Ноябрь 18, 2017 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид