МУСУЛМОНОН БОЯД АЗ ХУРОФОТ, ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ДАСТ КАШАНД. Дар Душанбе рӯнамоии китоб оид ба омилҳои рушд ва таназзули ҷаҳони ислом доир гардид

Декабрь 15, 2017 16:39

ДУШАНБЕ, 15.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. “Таълимоти дини мубини ислом ва ғояи усулии он дар баробари тоату ибодат, инчунин, сарчашмаи адаб ва махзани бузурги панду андарз мебошад”, — бо чунин матлаъ аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуруъ шудааст китоби тозанашри номзади илмҳои таърих, шарқшинос, ходими сиёсию ҷамъиятӣ  Давлаталӣ Давлатзода бо номи  «Мусулмонон: таърихи воқеии инкишоф ва таназзул», ки муаррифии он  имрӯз дар толори Маркази мероси хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон   баргузор гардид.

Дар расмии муаррифии китоб вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, президенти Академияи Илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Зикриё Акрамӣ, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, сардабири моҳномаи миллии адабии «Садои Шарқ» Рустам Ваҳҳобзода, адабиётшинос Абдунабӣ Сатторзода, нависанда Абдулҳамид Самад, муовини Раиси ҲХДТ Раъно Маҳмудзода ва дигарон ширкат варзиданд.

Нишасти матбуотиро президенти АИТ академик Ф. Раҳимӣ оғоз бахшида, китобро аз ҷиҳати таърихӣ пурарзиш, аз ҷиҳати забонӣ бенуқсон, аз ҷиҳати донишҳое, ки дар он гирдоварӣ шудаанд, беназир номида, оид ба мазмуну муҳтавои он маълумоти мухтасар дод.Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода оид ба арзиши маънавии ин асар андешаҳои худро баён карда, пешниҳод намуд, ки асари номбурда   бояд ба забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума карда шавад.

Сардабири моҳномаи миллии адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Садои Шарқ» Рустам Ваҳҳобзода дар оғози суханронӣ чанд байт аз Фирдавсӣ қироат кард, ки дар онҳо пайванди дину дониш нишон дода мешуд. Номбурда иброз дошт, ки ҳамеша дину дониш дар паҳлӯи ҳам қарор доштанд ва яке бе дигаре тасаввурнопазир аст. Рустам Ваххобзода дар давоми сухани худ гуфт, ки «бо хондани сарлавҳаҳои китоб метавон бо аҳамияти фавқулодаи он сарфаҳм рафт. Ин китоб дар навъи худ як муқаддимаест барои таърихи илмии ислом, хусусан исломи Мовароуннаҳр  ва он метавонад чанд ҷилди дигар идома пайдо кунад».

Муаллифи асари пурарзиши «Мусулмонон: таърихи воқеии инкишоф ва таназзул» Давлаталӣ Давлатзода дар мавриди сабаби таълифи асар гуфт, ки ин китоб ҷавобест ба олимони Ғарб, ки онҳо исломро монеаи мусулмонон мегӯянд. Мувофиқи гуфтаи ӯ, «ин амал кӯшишест барои муайян кардани омилҳое, ки барои пешрафти тамаддуни исломӣ мусоидат намуда буданд ва ҳамчунин ошкор намудани он сабабҳое, ки боиси таназзул дар ҷаҳони ислом шуданд. То ҳуҷуми муғулҳо пешрафтатарин тамаддун тамаддуни мусулмонҳо буд. Агар дастовардҳои олимони мусулмон намебуданд, имрӯз инсоният ба кайҳон намебаромад».

Бояд зикр кард, ки муаллифи китоби нави «Мусулмонон: таърихи воқеии инкишоф ва таназзул» Давлаталӣ Давлатзода солҳои зиёд дар кишварҳои Шарқи Араб – Миср ва Сурия кору зиндагӣ кардааст. Мавсуф дар ин китоб оид ба дирӯзу имрӯзи ҳаёти мусулмонон сухан гуфта. сабабҳои ташаккул ва таназзули тамаддуни исломиро бо овардани далелҳо ба хонанда нишон додааст. Дар таълифи асар аз 73 сарчашма ва Қуръону ҳадисҳо иқтибосҳо оварда шудаанд.

Китоби мазкур бо қарори Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп тавсия шудааст. Нашри асар саривақтӣ буда, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст. Тавре дар муқаддимаи китоб омадааст:»Ҷамъияти мусулмонон донишу истеъдоди худро на барои зӯроварию ифротгароӣ, балки барои амали нек, рафтору кирдори шоиста дар рушди илму фарҳанги ҷомеаи ҷаҳонӣ ба кор баранд. Таълифи ин китоб қадаме мебошад барои саҳме гузоштан дар амалӣ намудани ин мақсадҳо».

 

Декабрь 15, 2017 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд
Сохтмони 36 манзили истиқоматӣ дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор ба андозаи 90 фоиз иҷро шудааст
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Гурӯҳи корӣ бо сокинону фаъолони шаҳри Хоруғ вохӯрӣ анҷом дод
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад