Меҳрангез Исмоилова ғолиби озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» гардид

Январь 16, 2018 11:45

ДУШАНБЕ, 16.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2017» баргузор гардид.

Зимни ҷамъбасти озмуни мазкур сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии вазорат Абдуҷаббор Алиев аз номи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати мушовара иштирокчиёнро табрик намуда, изҳор дошт, ки аз панҷ нафар довталаби номнависшуда намояндаи ВМКБ бо сабаби номусоидии роҳ дар озмун иштирок карда натавонист. Ин аст, ки азназаргузаронӣ дар байни чор нафар довталаб: Матлуба Исмонова, мураббияи кӯдакистони рақами 98-и шаҳри Душанбе, Муҳайё Назарова, мураббияи кӯдакистони №5-и шаҳри Қӯрғонтеппа, Меҳрангез Исмоилова, мураббияи кӯдакистони №8-и ноҳияи Б. Ғафуров ва Саъбагул Минназарова, мураббияи кӯдакистони рақами 8-и шаҳри Турсунзода гузаронида шуд.

Тавре ба АМИТ  «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Абдуҷаббор Алиев хусусияту бартарӣ ва пешниҳоди назарҳоро оид ба озмуни имсола, ки хеле пуршиддат ва дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ гузашт, таҳлил карда, хулосаи қарори ҳайати ҳакамонро оид ба ҳунарнамоии довталабон изҳор намуд. Дар натиҷа намояндаи вилояти Суғд Меҳрангез Исмоилова бо гирифтани холи аз ҳама зиёд соҳиби ҷойи аввал гардид. Ба Меҳрангез мукофоти аввал дар ҳаҷми ду ҳазор сомонӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Ҳамчунин тамоми иштирокчиён бо фармоиши Вазири маориф ва илм бо унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.

 

 

Январь 16, 2018 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид