ОҒОЗИ НЕКИ СОЛ. Ба 175 нафар варзишгарон дараҷа ва унвонҳо тақдим гардиданд

Январь 17, 2018 16:31

ДУШАНБЕ, 17.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи  қарори комиссияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 175 нафар варзишгарон  соҳиби дараҷа ва унвони «Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва меъёри «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни супоридани дараҷа ва унвонҳои варзишӣ ба варзишгарон раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон Аҳтам Абдулозода иброз дошт, ки Тоҷикистон сол то сол ҳамчун давлати тарғибкунандаи варзиш дар ҷаҳон муаррифӣ мегардад. Соли 2018 барои варзишгарон соли муҳим мебошад, зеро дар ин сол дар  қатори дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ, инчунин дар давлати Индонезия Бозиҳои осиёӣ баргузор мегарданд. Имрӯзҳо варзишгарони тоҷик барои иштирок дар ин Бозиҳо омодагӣ доранд.  Барои дар сатҳи зарурӣ омода шудани варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ давоми соли равон баргузории зиёда аз 200 мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Гуфта шуд, ки барои дараҷа ва унвонҳои варзишии «Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва меъёри «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2017 зиёда аз 200 нафар варзишгарон ҳуҷҷат пешниҳод намуданд, ки тибқи қарори комиссия 175 нафарашон ин унвонҳоро соҳиб шуданд.

Январь 17, 2018 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд
Сохтмони 36 манзили истиқоматӣ дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор ба андозаи 90 фоиз иҷро шудааст
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Гурӯҳи корӣ бо сокинону фаъолони шаҳри Хоруғ вохӯрӣ анҷом дод
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад