Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ стандарт қабул намуд

Январь 23, 2018 10:21

ДУШАНБЕ, 23.01.2018/АМИТ «Ховар»/.  Соли 2017 дар  Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ стандарти ин мақомоти олии назорати молиявӣ таҳия ва қабул гардид. Инҳо стандарти – 100 «Дастурамал оид ба асосҳои таъмини методологии фаъолияти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», 101 «Луғатномаи мухтасари истилоҳоти соҳаи аудит, ҳисобдорӣ ва молия, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва фаъолити аудитории Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд»,  104 «Дастурамал оид ба гузаронидани аудити молиявӣ», 105 «Стандарти Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани аудити самаранокии истифодабарии воситаҳои давлатӣ» ва 401 «Дастурамал оид ба ташкили чорабиниҳои назоратии муштарак ва дар як вақт доиршавандаи  Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти олии назорати молиявии давлатҳои хориҷӣ» мебошанд.

Роҳбари дастгоҳи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Холназар Файзуллозода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки стандартҳои мазкур ҷиҳати амалигардонии таъмини методологӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави аудити самараноку натиҷанок ва таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ   таҳия ва қабул гардидаанд.

Ҳамзамон зикр гардид, ки дар ин давра Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон  хулосаҳои аудиториро  ба «Ҳисобот оид ба иҷрои  Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли  2016»  ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Парлумони мамлакат пешниҳод намуд.

 

 

Январь 23, 2018 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст