Дар Хатлон ҷашни 25-солагии Артиши миллӣ дар вазъияти тантанавӣ таҷлил гардид

Февраль 22, 2018 17:40

БОХТАР, 22.02.2018 /АМИТ «Ховар» /. Бахшида  ба   25-умин солгарди таъсиси Артиши миллии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон имрӯз  дар  маркази  маъмурии  вилояти  Хатлон  ҷамъомади идона  баргузор  гардид..  Дар  ҷамъомад  хизматчиёни  ҳарбии  қисмҳои низомии  мустақар  дар  вилояти  Хатлон  ва  ҳайати  шахсии  комиссариатҳои ҳарбии  вилоятӣ  ва  шаҳру  навоҳӣ иштирок намуданд.  Раиси  вилоят  Давлатшоҳ    Гулмаҳмадзода иброз дошт, ки «бо таъмин гардидани сулҳу субот дар мамлакат ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷузъу томҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ дар зарфи бисту панҷ сол ба сохтори муташаккили ҳарбӣ табдил ёфта, аз ҷумла, ҳайати шахсии Артиши миллӣ имрӯз бо интизоми баланди ҳарбӣ, азму иродаи қавӣ, донишу малакаи муосир ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ хизмати Модар – Ватанро адо карда истодааст.

Дар ҷамъомад як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбӣ,  сардорони комиссариатҳои  ҳарбии шаҳру  навоҳии  вилоят барои хизмати намунавии ҳарбӣ бо мукофотҳо  ва  ифтихорномаҳи  раиси  вилояти Хатлон,  Вазорати  мудофиаи мамлакат  ва  Комиссариати  ҳарбии  вилояти Хатлон  сарфароз  гардонида  шуданд.

 

Февраль 22, 2018 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд
Шукурҷон Зуҳуров Раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид