ЭҲТИЁТ – НИМИ ҲАЁТ! Дар роҳи Душанбе – Хуҷанд 4 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расиданд

Февраль 16, 2018 11:08

ДУШАНБЕ, 16.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем,  тайи чанд рӯзи охир   дар шоҳроҳи мошингарди   Душанбе – Чаноқ, алалхусус аз километри 47 то 160-уми  он  боришоти бардавом ва башиддати  барф  идома дорад. 15 феврал ҳангоми  тармафароӣ дар қитъаи 69 –уми ҳамин роҳ    ду мошини сабукрав, ки    аз Душанбе ба самти Хуҷанд ҳаракат мекарданд, зери  барф  монданд.

Тавре   сардори маркази матбуоти  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Умеда Юсуфӣ  ба АМИТ «Ховар»  хабар дод,   гурӯҳҳои наҷотбахш  рӯзи 15 феврал   дар километри 69-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд  аз зери тармаву барф  7 нафарро   наҷот доданд.

Ба наҷотёфтагон  аввалин кумаки тиббӣ расонида шуда,  онҳо ба ҷойи бехавф  бурда шуданд. Ҳамаи онҳо аз бистарӣ шудан дар бемористон худдорӣ карданд.

Умеда Юсуфӣ ҳамчунин иттилоъ дод, ки дирӯз,  соати 18:00  ҳангоми баргаштан аз осоишгоҳи  «Хоҷа Оби гарм» ба самти шаҳри Душанбе   як  мошини сабукрав   ба ҷарии 420-метра сарозер шуда,  4 нафар шаҳрвандони дохили он ба ҳалокат мерасанд.

«Бо мусоидати кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва Вазорати корҳои дохилӣ 3 ҷасад ёфт гардида, ҷустуҷӯи 1 нафари дигар идома дорад», -гуфт У.Юсуфӣ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони  мамлакат  ва меҳмонони он мерасонад, ки тибқи иттилои Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон то 17 феврали соли равон бориши барфу борон қатъ нагардида, ҳамчунин резиши санг дар минтақаҳои кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест.

Дар ҳамин иртибот аз аҳолии ҷумҳурӣ хоҳиш  карда мешавад, ки аз сафар ба манотиқи хавфнок, роҳҳои тармахезу сангрези кӯҳӣ худдорӣ  намоянд. Ронандагон ҳангоми ҳаракат масофаро ҷиддан риоя намоянд ва суръатро боло набаранд.

ЭҲТИЁТ КУНЕД  ВА ҲАЁТИ ХУДУ АТРОФИЁНРО ДАР ХАТАР НАГУЗОРЕД!

Агар шумо дар роҳҳо шоҳиди ҳодисае шудед ва агар лағзиши тармаро дидед, фавран ба хадамоти наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо телефонҳои  223 13 11; 221 91 19 ва ё 112  хабар диҳед.

 

Февраль 16, 2018 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд