ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 15 феврал, панҷшанбе, 46-умин рӯзи соли 2018 аст

Февраль 15, 2018 08:03

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 15 феврали соли 2017 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва масъулони соҳаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштироки фаъол дар тадбирҳои ободонию хуррамгардонӣ ва фароҳамсози пешрафту тараққиёти бемайлони шаҳри Душанберо рисолати шаҳрвандии ҳар як сокини бошарафи пойтахт арзёбӣ карда, аз ҳамагон бори дигар даъват ба амал оварданд, ки дар иҷрои ин рисолати воло ҷиддӣ ва масъулиятшинос бошанд.

***

9 сол пеш, 15 феврали соли 2009 дар шаҳри Душанбе миёни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти байналмилалии «Релиф Интернейшнл» созшномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 дар Қасри «Рӯдакӣ» дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии раиси вилояти Суғд бо варзишгарон баргузор гардид. Беҳтарин варзишгари вилоят дар соли 2010 Мурод Тӯйчиев- барандаи Бозиҳои осиёӣ оид ба муҳорибаи гурҷӣ-румӣ интихоб шуда, ба  ӯ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мошини  тамғаи «Жигулӣ» тақдим гардид.

15 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии кӯдакони ба бемории саратон гирифторшуда.

***

Дар Канада – Рӯзи парчами миллӣ.

***

Дар Сербия – Рӯзи давлатдорӣ.

***

Дар Афғонистон – Рӯзи миллии наҷот.

 РӮЙДОДҲО:

 15 феврали соли 1947 дар Иттиҳоди Шӯравӣ никоҳи шаҳрвандони иттиҳод бо хориҷиён манъ карда шуд.

 ***

Дар ин рӯзи соли 1978 Муҳаммад Алӣ дар муҳориба барои дарёфти  унвони чемпиони ҷаҳон оид ба бокс аз ҷониби Леон Спинкс шикаст хӯрд.

***

15 феврали соли 1989 ҷангиёни Шӯравӣ аз Афғонистон баромаданд.

***

15 феврали соли  2010  калонтарин садамаи қатораҳо дар таърихи Белгия ба амал омад, ки дар натиҷа 18 нафар ба ҳалокат расида, 171 нафар ҷароҳат бардоштанд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1922 аввалин Конститутсияи Куба қабул карда шуд.

 

 

Февраль 15, 2018 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд