Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ Овози»-ро қардшиносӣ намуд

Март 7, 2018 11:10

ДУШАНБЕ, 07.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар ҷумҳурӣ 11 март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил карда мешавад.

Ба ин муносибат дар нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Халқ овози» ҷамъомад доир гардид. Дар он раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода ширкат варзида, аҳли қаламро бо Рӯзи матбуоти тоҷик табрик гуфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз рӯзномаи  «Халқ овози» хабар доданд.

Зикр шуд, ки мавсуф дар бораи фаъолияти рӯзномаи ӯзбекзабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Халқ овози» сухан гуфта, нақши онро дар тарғиби сиёсати сулҳпарварона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас арзёбӣ намуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки рӯзномаи «Халқ овози» дар тараннум ва таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек нақши намоён дорад. Ҳамаи ин заҳматҳо самараи фаъолияти фидокоронаи ҳайати таҳририя, махсусан сармуҳаррири рӯзнома Ёқубҷон Абдуманонзода арзёбӣ гардид.

Боиси ифтихор аст, ки дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози» Ёқубҷон Абдуманонзода бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид.

Олим Салимзода Ифтихорномаро дар вазъияти тантанавӣ аз номи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба соҳибаш супорид.

Таъкид гардид, ки ин мукофот нишонаи қадршиносӣ аз заҳматҳои ҳайати эҷодии нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Халқ овози» аст.

 

Март 7, 2018 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд