Дар шаҳри Хоруғ масъалаи ҳифзу нигоҳдории оби пок ва хатари обхезӣ баррасӣ гардид

Июль 18, 2018 18:07

ХОРУҒ, 18.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018- 2028» таҳти унвони «Идоракунии оби бехатари ошомиданӣ ва беҳдошт дар Тоҷикистон” бо ширкати мутахассисони масъули  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, олимони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, Пажӯҳишгоҳи улуми инсоншиносии АИ ҷумҳурӣ конфронси илмӣ баргузор гардид.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед изҳор дошт,  ки «дастгирӣ ёфтани пешниҳоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор»  аз ҷониби кишварҳо ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мояи ифтихори тоҷикистониён буда, дар самти амалисозии он бояд ҳар фарди солимандеш саҳмгузор бошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун макони обҳои мусаффо дар ҷаҳон машҳур гардидаву сокинони он ба қадри имкон ба ин неъмати бебаҳо дастрасӣ доранд. Дар ҳоле, ки тибқи ҳисоботи оморӣ дар дунё зиёда аз 800 миллион нафар ба оби нӯшокии бехатар ва зиёда аз дуюним миллиард нафар ба хизматрасонии одитарини соҳаи беҳдошт дастрасӣ надоранд. Ҳамасола то сесад ҳазор нафар кӯдакони то панҷсола бо сабаби надоштани дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар  ба ҳалокат мерасанд».

Мутобиқи пешгӯии коршиносон, соли 2050 шумораи нафароне, ки дар сайёра аз норасоии оби тоза танқисӣ мекашанд, то панҷ миллиард мерасад.

Пешвои миллат дар суханронии худ дар конфронси байналмилалии  шаҳри Душанбе бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро аз ин пайомадҳои нохуш огоҳ намуда, изҳор доштанд, ки «шиддати рақобат барои дастрасӣ ба захираҳои об дар шароити афзоиши норасоии он метавонад ҳатто дар дохили як кишвар пайомадҳои манфӣ ба бор орад». Ҳарчанд Тоҷикистон дар саргаҳи обҳои пок ҷой гирифтааст, сарфи назар аз ин  сокинони кишвар  нисбат ба дигарон дар ҳифзу нигоҳдории оби пок масъулияти бештар бар дӯш доранд.

Директори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисоси омӯзгорон Ғарибшо Ғарибшоев гуфт, ки «бо мақсади сарфакорона ва тозаву пок нигоҳ доштани оби ошомиданӣ бо кумаки Идораи ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон ва  Фонди Оғохони Британияи Кабир барои толибилмони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои вилоятҳои Бадахшону Хатлон барномаҳои хоси таълимӣ роҳандозӣ шуданд».

Фароҳам овардани имкониятҳо дар муҳити бехатар аз масоили дигаре буд, ки дар конфронс мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Таъкид гардид, ки бо назардошти мавқеи ҷуғрофии вилоят сокинони он бояд доимо ба рӯй додани хатарҳои эҳтимолии офатҳои табиӣ омода бошанд.

Ситоди  ҳолатҳои фавқулодаи вилоят бояд бештар бо сокиноне, ки  дар маҳалҳои осебпазир иқомат доранд, омӯзишҳои назариявию амалӣ баргузор кунад.

Июль 18, 2018 18:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд
Сохтмони 36 манзили истиқоматӣ дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор ба андозаи 90 фоиз иҷро шудааст
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Гурӯҳи корӣ бо сокинону фаъолони шаҳри Хоруғ вохӯрӣ анҷом дод
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад