ХАДАМОТИ МАТБУОТИ ПРЕЗИДЕНТ: «ШАРОИТИ САФАР БА МУРҒОБ ХАТАРНОК БУД, ВАЛЕ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ РОҲАШОН НАГАШТАНД…»

Сентябрь 13, 2018 16:29

ДУШАНБЕ, 13.09.2018./АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, субҳи  13-уми сентябр,  дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон, иштирок дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани як қатор иншооти ҳаётан муҳим ва суҳбату мулоқот бо аҳолии ноҳияи Мурғоб  ба ин ноҳияи дурдасттарину баландкуҳ ташриф оварданд.

Тавре дар гузориши Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ омадааст, «имрӯз аз субҳи содиқ ҳаво дар ҳудуди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон якбора тағйир ёфта, дар шаҳри Хоруғ борон ва дар ноҳияи Мурғоб барфи шадид борид….».    Хадамоти матбуоти Сарвари давлат ҳолати мазкурро шарҳ дода, навиштааст: «Одатан вазиши шамоли сахт ва боридани барфи зиёд на танҳо ба парвози чархболҳо монеъа пеш меорад, балки барои инсон хатар ҳам эҷод мекунад. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, бо ҷасорату иродаи қавӣ ва азму талоши созанда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нияти сафар ба ин минтақаи дурдасттарини Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нагашта, барои суҳбату дидорбинӣ бо мардуми меҳнатқарини ноҳияи Мурғоб ба ин мавзеи куҳистон ташриф оварданд».

Воқеан ҳам, Мурғоб на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар қаламрави ИДМ баландтарин ноҳияи куҳӣ ба ҳисоб меравад.   Он дар баландии 3600 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад ва, аз ин сабаб,  релефи он мураккабу иқлимаш бисёр сард аст.

Вале ба ин нигоҳ накарда, тавре Хадамоти матбуоти Президент навиштааст, сокинони касбу кори гуногуни ноҳияи Мурғоб Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳу шаҳомат, меҳру муҳаббати бепоён ва эҳтироми самимӣ истиқбол гирифтанд. Фазои шукуҳу шодӣ ва истиқболи гарму самимии аҳолии ноҳияи баландкуҳи Мурғоб нишонаи садоқат ва меҳру муҳаббати бепоён нисбат ба фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад…».

 

Сентябрь 13, 2018 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
Тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе дар ҳамоиши наврӯзӣ – «Корвони шодӣ» иштирок намуданд
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баргузории карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ» дар шаҳри Душанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия суҳбати телефонӣ анҷом доданд
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»