ТАВСИФИ МУХТАСАРИ НБО «РОҒУН». Андешаҳои муовини директори МТС Фарида Муминова доир ба нақши Президент дар бунёди ин иншооти аср

Ноябрь 15, 2018 13:29

ДУШАНБЕ, 15.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди муҳими таърихӣ – ба кор даромадани агрегати аввали НБО «Роғун» дар назар аст. Ин рӯйдоди муҳим басо рамзист, ки ба таҷлили Рӯзи Президент рост меояд. Рӯзи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нишони қадрдонӣ аз талошу заҳматҳои пайвастаи Президент баҳри таҳкими сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ, раванди бунёдкориву созандагӣ ва зина ба зина боло бурдани сатҳи некӯаҳволии мардум ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҷлил мегардад.

 Дар робита ба ин рӯйдоди фараҳбахш доир ба нақши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди НБО «Роғун», иқтидор ва имкониятҳои техникии ин иншооти бузург, таърихи ташаккул ва амалишавии лоиҳа ва муҳимияти НБО-и «Роғун» мухбири АМИТ «Ховар» бо муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова суҳбат орост, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.

Нақши Президенти кишвар дар бунёди НБО «Роғун»

Ф. Муминова нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди тамоми соҳаҳо бориз арзёбӣ намуда, зикр дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини зиндагии шоиста барои мардуми шарафманди тоҷик се самти асосию стратегиро дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд, ки бо татбиқи пурраи онҳо Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафтаву аз бисёр ҷиҳат тараққикарда мубаддал мегардад.

Аз ҷумла, 26 сентябри соли 2005 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи корҳои бунёдкорию созандагии худ, ки аз сиёсати ватандӯстонаи он кас сарчашма мегиранд, ба шаҳри Роғун сафар карда, дар маросими оғози расмии корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқии обии «Роғун» иштирок намуда, баён доштанд: «Сохтмон ва ба истифода додани ин иншооти азими стратегӣ ҷаҳиши бузурге дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон мебошад».

Дар давоми солҳои 2006-2016 қариб ҳар сол бо мақсади аз наздик шиносоӣ намудан бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷамъиятиву сиёсии шаҳри Роғун ва пешбурди корҳои сохтмонӣ дар НБО-и Роғун Президенти кишвар силсилаи сафарҳоро ба шаҳр амалӣ намуд.  Дар ин раванд дастуру супориш ва ҳидоятҳои заруриро ба масъулин дода мешуд.

Моҳи октябри  соли 2016 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол, махсусан сохтмони НБО «Роғун» ҳодисаи хотирмон ба амал омад.  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан  бо идора кардани техникаи вазнин — булдозер ба бунёди сарбанди НБО «Роғун» ҳусни оғоз бахшиданд.

Дар таърихи 10 майи соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷаи корҳои сохтмонӣ дар нақби нақлиётии–Т-22 шиносоӣ пайдо кард. Хабар дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар нақби нақлиётии Т-22 ба итмом расида, дар маҷмӯъ,  корҳои нақбканӣ 157286 м3 ва  дар ҳаҷми 32865 м3 метри мукааб ҳобонидани бетони конструктивӣ иҷро гардидааст.

Дар санаи 26 июли соли 2018 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили корҳои иҷрошуда ва омодагӣ барои ба истифода додани навбати агрегати аввали неругоҳ ба роҳбарияти неругоҳ барои таҳияи нақшаи чорабинӣ оид ба истифода додани навбати аввали Нерўгоҳи барқи обии “Роғун” дар фасли тирамоҳи соли ҷорӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Бо супориш ва назорати бевоситаи Президенти кишвар аз аввали корҳои барқарорсозиву сохтмони неругоҳи барқи обии “Роғун” аз буҷети кишвар ба ин иншоот дар ҳаҷми 21 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

Дар маҷмўъ, албатта, бо талошу заҳматҳои Пешвои миллат сохтмони Роғун идома дорад ва ин -рамзи ғалаба, рамзи оштист, воситаи муҳими амалӣ шудани орзуҳои тоҷикон дар бораи  мамлакати мустақилу устувор, ҷомеаи адолатпарвару муваффақ аст.

Иқтидор ва имкониятҳои техникии иншооти бузург

НБО «Роғун»  ба силсилаи иншоотҳои энергетикии Вахш дохил аст. Он яке аз бузургтарин иншооти гидроэнергетикии ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Иқтидори лоиҳавии неругоҳ ба 3600 МВт баробар буда, он аз шаш агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр мебошад. Дар марҳилаи аввали сохтмони сарбанд  баландии он то 135 метр бардошта шуда дар марҳилаҳои оянда пай дар ҳам иншоот то 335 метр бардошта мешавад. Дар доираи марҳилаи аввали бунёди сарбанд ду агрегати Рогун метавонад ба кор дароварда шавад.

Ин нерӯгоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 13,1 млрд. кВт-соат нерӯи барқ ҳосил кунад.

Сарбанд бояд обанбори калон бо ҳаҷми умумӣ 13,3 км3 ва ҳаҷми истифодашаванда – 8,6 км3-ро ташаккул намояд. Обанбор дар давоми 13 сол пур карда мешавад. Истифодаи обанбори мазкур барои эҳтиёҷотҳои энергетикӣ ва обёрии заминҳои лаълмӣ пешбинӣ мегардад.

Сохтмони НБО ба марҳилаҳо тақсим мешавад. Иқтидори  агрегати якўм дар марҳилаи аввал бо истеҳсоли 100 МВт (дар зимистон) ва 200 МВт (тобистон)  барқ пайваст мебошад. Ҳамзамон дар агрегати дуюми неругоҳ низ корҳо пеш рафта истодаанд. Бо назардошти технологияи баистифодадиҳию иҷрокунӣ аз рӯи нақша бояд баъд аз 4 моҳ ( баҳори соли 2019) ин агрегат ҳам ба истифода дода шавад.

Таърихи ташаккул ва амалишавии лоиҳаи НБО «Роғун»

Неругоҳ ҳанӯз соли 1930 ба нақша гирифта шуда, соли 1960 корҳои омӯзишӣ ва соли 1976  бунёди он оғоз шуд. Сохтмони сарбанди неругоҳ соли 1987 шурӯъ гардида, баландиаш то соли 1993 ба 40 метр расид. Аз соли 1976 то соли 1993 корҳои зиёди сохтмони неругоҳи мазкур, аз қабили кандани нақби асосии зери сарбанду нақбҳои обпарто анҷом ёфтанд. Дар ин муддат зиёда аз 43 фоизи тамоми корҳои сохтмонии ин иншооти азим анҷом дода шуда буд. Вале баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмони Неругоҳи барқии обии «Роғун» қатъ гардид.

Дар санаи 23 июни соли 1993 сели даҳшатнок дарёи Вахшро банд кард ва дар натиҷаи аз кор баромадани дарғоти нақби №2, дарғоти 40 метраи неругоҳро об шуста хароб кард. Заҳмати беш аз бистсола баякборагӣ зери селовард монд.

Танҳо соли 2004 сохтмони неругоҳи Роғун шурӯъ гардид. Бо ҳамин мақсад ширкати «Роғунсервис» таъсис ёфт ва корҳоро ҷиҳати муаяйн намудани вазъияти баамаломада дар сохтмон, барқарорсозии роҳҳо, таъмири манзилҳои истиқоматӣ барои мутахассисон ва ғайра оғоз бахшиданд.

Соли 2007 сохтмони НБО-и Роғун аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ аз нав оғоз гардид. Дар таърихи 27 августи соли 2007 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳмдории ягонаи давлату ҳукумат «Ҷамъияти саҳомии кушодаи неругоҳи барқи обии Роғун» таъсис дода шуд.

Доир ба лоиҳаи Роғун ва ниятҳои неки ҳамсоядорӣ ба ҷумҳуриҳои ҳамҷавор ҳануз соли 2007 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бонки Ҷаҳонӣ барои гузаронидани тадқиқоти лоиҳаи сохтмони НБО-и Роғун расман муроҷиат намуд. Тибқи ҷамъбасти натиҷаҳои тендери байналмилалӣ Консорсиуми байналмилалӣ бо раҳбарии ширкати фаронсавии «Коен-эн-Беллиер Консалтинг Инҷения» ҳамчун паймонкор (пудратчӣ) ва ширкатҳои итолиявии «Электроконсалт” ва британии «Ҷи-пи-эй Энерҷи Ватер Консалтинг» барои гузаронидани ташхиси мустақили асосноккуниии техникую иқтисодӣ (шартномаи аз 8 феврали соли 2011)  ва ширкати Швейтсарии «Пойри Энержӣ» барои баҳодиҳии таъсири экологию иҷтимоӣ (шартнома аз 25 марти соли 2011) интихоб гардиданд.

То соли 2014 ташхиси муфассали ҷанбаҳои техникӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ, иҷтимоию иқтисодии лоиҳаи Роғун баргузор гардид. Ҳамзамон дар давоми солҳои 2011-2014 силсилаи муҳокимаҳои кушод бо иштироки кишварҳои ҳамсарҳад доир ба масъалаҳои  таҳдиду хатарҳои имконпазир пайваста бо сохтмони Роғун бо гузориши натиҷаҳои пешакии арзёбии  лоиҳа таъмин гардид.

Дар ҳисоботи худ мушовирони ширкати «Пойри Энержӣ» ва «Коен-эн-Беллиер Консалтинг Инҷения» ба хулоса омаданд, ки бунёди НБО-и Роғун бо баландии сарбанди 335 метр беҳтарин ва аз лиҳози иктисодӣ манфиатовар аст.

Дар моҳи июни  соли 2014 ҳисоботи пешакии Бонки ҷаҳон доир ба лоиҳаи Роғун пешниҳод гардид, ки бехатар ва манфиатнок будани ин иншооти бузургро тасдиқ намуд.

Муҳимияти НБО-и «Роғун»

Бо вориди навбати аввали неругоҳ, яъне агрегати якум ноябри соли 2018 ва агрегати дуюм моҳи апрели соли 2019, неруи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол дода хоҳад шуд.

Муҳимияти НБО-и Роғун боз дар он аст, ки:

— бо истифодаи неруи барқи ин иншоот рушди силсилаи корҳонаҳои азими саноатӣ имконияти хеле хуб пайдо менамояд, ки дар навбати худ сатҳи рушди кишварро ба сатҳи баландтар мебардорад, ба ташаккули иқтисодиёти индустриалӣ – аграрӣ месуидат менамояд;

— барои истеҳсоли “неруи сабз”, яъне пешгирӣ кардани партовҳои зарарнок ба муҳити зист ва риояи меъёрҳои муосири экологӣ имконияти беҳтарин муҳайё месозад;

— имконияти содиротии кишвар афзун мегардад, аз ҷумла дар доираи лоиҳаи КАСА–1000, ки ба афзоиши содироти неруи барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба бозорҳои ниёзманди энергетикии Афғонистон ва Покистон мусоидат менамояд. Ин лоиҳа ҳам аз нигоҳи татбиқи меъёрҳои тиҷоратӣ ва ҳам аз лиҳози истифодаи воситаҳои технологӣ беҳамтост. Ҳамзамон, Тоҷикистон имкон дорад, ки тавассути афзоиши иқтидорҳои тавлиди неруи барқи худ интиқоли онро тамоми сол таъмин намояд.

Пешбинӣ мешавад, ки то соли 2030 иқтидори энергетикии кишвар аз 17 то 45 миллиард киловатт-соат дар як сол ё қариб 3 баробар афзоиш ёфта, ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторҳои соҳа ислоҳоти ҷиддӣ роҳандозӣ шуда, содироти неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба кишварҳои ҳамсоя тавассути хатҳои минтақавии интиқоли неруи барқ, аз ҷумла КАСА–1000 то 10 миллиард киловатт-соат афзун мегардад.

Ноябрь 15, 2018 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ