НАҚШИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Дар Хоруғ ҳамоиши илмӣ бахшида ба 120-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон доир гардид

Декабрь 19, 2019 16:01

ДУШАНБЕ, 19.12.2019/АМИТ «Ховар»/. 18 декабр бо мақсади гиромидошти хотири нек ва 120-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ҳайати расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита ҷомеа  Абдуҷаббор Раҳмонзода аз осорхонаи Шириншоҳ Шотемур дидан карданд. Ҳамчунин онҳо дар назди пайкараи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур гулчанбар гузоштанд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файзи МИРАСАН бо истинод ба маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.

Ҳайати расмии Ҳукумати мамлакатро муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  Ёдгор Файзов ҳамроҳӣ намуд.

Худи ҳамон рӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавзӯи «Нақши Шириншоҳ Шоҳтемур дар таҳкими худшиносии миллии тоҷикон» бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, олимону донишмандон ва таърихнигорони тоҷик ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани имконият ва мусоидат ба таҷлили бузургдошти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур баён  дошт.

Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ҷашни 110- солагии Шириншоҳ Шоҳтемур 20 октябри соли 2009 чунин изҳор намуда буданд: «Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷумлаи сиёсатмадорон ва ходимони барҷастаи давлатие буд, ки дар ибтидои асри 20 рисолати таърихии хешро дар назди миллат ва тақдири ояндаи он иҷро намуда, тамоми қувваю дониш ва неруи маънавиашро барои поягузорӣ ва бунёди давлати миллии тоҷикон равона сохтааст. Ӯ аз рӯзгори пуртаззоду пурихтилоф сабақ андӯхта, ҳамчун шахси матиниродаву донишманд, инсони оқилу дурандеш ва сиёсатмадори барҷаставу ташкилотчии моҳир ба камол расидааст».

Раиси вилоят аз таърихи сулолаи Сомониён ёдовар шуда, таъкид дошт, ки «ин давлати муқтадири тоҷикон дар натиҷаи зулму истибдоди аҷнабиён ба парокандагӣ дучор шудааст. Аммо дар ҳар давру замон иродаву тасмими дурусти шахсиятҳои ватандӯсту аз сиёсати замон огоҳ миллатро аз парокандагиву парешонҳолӣ наҷот медоданд, ки яке аз чунин чеҳраҳои сиёсӣ Шириншо Шоҳтемур ба шумор меравад.  Миллати  тоҷик ҳатто дар охири асри 20 низ бо чунин вазъияти печидаву мураккаб   рӯ ба рӯ гардид, аммо ин бор фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонфидиҳои  беназири  хеш нагузошт, ки ватану миллат аз ҳам пош бихӯранд».

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода матни табрикоти   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати 120- солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур дар ҳузури иштирокдорони ҳамоиши илмӣ қироат намуд. Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода гуфт, ки «зуҳури пантуркизму панисломизм ва паниронизм дар муҳити Бухорои онвақта ба авҷи аълои худ расида буд ва гурӯҳҳои зиёди ин ҷараёнҳо ҳамақидаҳояшонро дар атрофи худ ҷамъ менамуданд ва  ба муқобили миллати тоҷик мубориза мебурданд. Ҳатто баъзе аз ин гурӯҳҳои иртиҷоӣ мавҷудияти миллати тоҷикро инкор мекарданд. Дар чунин айёми мураккаби сиёсӣ абармардони миллати тоҷик, ба мисли Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, асосгузори адабиёти навини тоҷик Садриддини Айнӣ гирди ҳам омада, дар бораи мавҷудияти миллати тоҷик, таъриху фарҳанги бою пурғановати он садо баланд намуданд. Баъди инкилоби Октябр ҳам барои таъсиси Ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон монеа эҷод карданд, аммо мавҷудияти Точикистонро бо намояндагӣ аз миллати тоҷик маҳз Шириншоҳ Шоҳтемур бо далелу бурҳони қотеъ ва санаду арқоми мушаххас муаррифӣ кард. Ва исбот намуд, ки халқи тоҷик аз қадим соҳиби давлату забон, расму суннати хос ва таҷрибаи бои давлатдорӣ буд. Ба ин қонеъ нашуда, ба унвони роҳбари онвақтаи  Иттиҳоди Шӯравӣ И. Сталин нома навишт ва зарурати ташкили ҷумҳурии мустақил дар ҳайати   ин иттиҳодро тақозо кард. Танҳо аз пас аз ин Тоҷикистон чун ҷумҳурии алоҳида ба ин иттиҳод шомил шуд».

Дар ҳамоиши илмӣ Президенти Академияи илмҳои  Тоҷикистон академик  Фарҳод Раҳимӣ, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, доктори илмҳои кишоварзӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Амонулло Салимзода дар бораи саҳми Шириншоҳ Шоҳтемур дар поягузории давлати тоҷикон ибрози назар намуданд.

Пас аз ҳамоиши илмӣ иштирокдорони он ба пояи пайкараи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур гулчанбар гузошта, аз осорхонаи ин ходими намоёни давлатӣ, ки дар зодгоҳаш-Ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғгнон  ҷойгир аст, дидан намуданд.

Декабрь 19, 2019 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон