Рамзи асосии Кинофестивали якуми байналмилалии «Душанбе» муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ интихоб гардид

Январь 7, 2020 08:40

ДУШАНБЕ, 07.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 то 18 апрел дар шаҳри Душанбе Кинофестивали  якуми байналмилалии «Душанбе» баргузор мегардад. Рамзи асосии он муҷасаммаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ интихоб гардида, он чун нишони шаҳри Душанбе аз ду тараф бо лента иҳота шудааст. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Мавриди зикр аст, ки дар фестивали мазкур меҳмонон ва кинематографистон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва бародаршаҳрҳои Душанбе ширкат мекунанд.

Кинофестивал аз ду озмун: озмуни байналмилалӣ ва беҳтарин дастоварди кинои миллӣ иборат буда, дар 8 номинатсия барои ҳарду бахш ҷоиза дода мешавад. Барои номинатсияи беҳтарин филми ҳунарӣ «Шоҳҷоиза» (Гран При) дода мешавад.

Дар доираи Кинофестивали байналмилалии «Душанбе» 20 филми пурра муқаррар шудааст.

Мавриди зикр аст, ки  ташкилкунандагони Кинофестивали байналмилалии «Душанбе» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» мебошанд.

Кинофестивали байналмилалии «Душанбе» ба Рӯзи пойтахт бахшида шуда, дар ду сол як маротиба баргузор карда мешавад. Ҳадафи асосии он таҳкими ҳамкории кинематографистони Тоҷикистон ва шиносоӣ пайдо кардани тамошобинони тоҷик бо дастовардҳои беҳтарини кинои ҷаҳонӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки  дар Кинофестивали  байналмилалии «Душанбе»  5 довар аз дохил ва хориҷи мамлакат интихоб мешаванд.

Дар назар аст, ки дар доираи  ин кинофестивал суҳбати «мизи мудаввар» ва коргоҳи ҳунарӣ (мастер класс) бо ҳузури меҳмонон ва ширкаткунандагон ташкил гарданд.

Зимни баргузории Кинофестивали мазкур осори киноӣ  ва хидматҳои шоистаи коргардони маъруфи тоҷик Борис Кимёгаров барои миллати тоҷик гиромӣ дошта мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки имсол Кинофестивали якуми байналмилалии «Душанбе» гузаронида шуда, қабули дархостҳо барои иштироки филм то 1 март сурат мегирад. Инчунин сомонаи расмии кинофестивали  мазкур дар интернет  бо суроғаи www.dushanbeiff.tj  фаъол аст.

Январь 7, 2020 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАВОМДИҲАНДАИ НАЗМИ ҲАЗОРСОЛАИ ХАЛҚИ ТОҶИК МЕБОШАД». Андешаҳои адибони бузург дар васфи шоир
Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ОН ҚАДАР ДАР ДИЛПИСАНДӢ ДИЛПИСАНД АСТӢ, ВАТАН…». Имрӯз зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода аст
«БЕҲТАРИН ТАРҒИБГАРИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ-2024». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмун гузаронида шуд
«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Бадахшон даври вилоятии фестивали ҳунармандон ҷамъбаст гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ даври ҷумҳуриявии озмун баргузор мегардад
«БО ҲАМ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони муосири тоҷик оғоз шуд
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Қалъаи Ҳисорро тамошо намуд
Чор иншооти муҳими шаҳри қадимии Панҷакент барқарор карда шуд
Дар Институти физикаю техника озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
Дар мактаби миёнаи № 35-и шаҳри Минск ба номи Домулло Азизов барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар пояи муҷассамаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Рими Италия аз номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гулчанбар гузошта шуд