Ба шарафи ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ дар Тоҷикобод озмуни «Таронаи ваҳдат» доир гардид

Апрель 7, 2020 17:07

ТОҶИКОБОД, 07.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни  5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ дар ноҳияи Тоҷикобод  Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои тарона ва рақс таҳти унвони «Таронаи ваҳдат» баргузор гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шуъбаи фарҳанги ноҳия хабар доданд.

Озмуни мазкур имкон дод, ки санъаткорон дар доираи   11 номинатсия, аз ҷумла, навозиши умумӣ, намоиши либосҳои миллӣ, рақси якка, суруди якка, суруди эстрадӣ, навозиши якка, суруд бахшида ба 5500- солагии Саразми бостонӣ, суруди фолклорӣ, бадеҳа, карнайбазм ва сюитаи овозию рақсӣ ҳунарнамоӣ намоянд.

Ғолибони даври аввали фестивал-озмун ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд, ки он моҳи июни соли 2020 дар шаҳри Панҷакент баргузор мегардад. Беҳтаринҳоро  мукофотҳои пулӣ, аз ҷумла Шоҳҷоиза ба маблағи 5000 сомонӣ,  барои ҷои аввал 4000 сомонӣ,  ҷои дуюм 3000 ва ҷои сеюм 1980 сомонӣ интизор аст.

Мақсад аз баргузории озмун- намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангӣ, тақвият ва таҳким бахшидани бунёди ҷомеаи Тоҷикистон ва ба ин васила баланд бардоштани нақши ҷомеа дар раванди тарбияи маънавии шаҳрвандон, бахусус насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси ғановатманди фарҳанги миллӣ ва ҳамчунин намоиш додани тобишҳои рангини фарҳангу ҳунари ҳар як минтақа мебошад.

Апрель 7, 2020 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид