ХАБАРИ ХУШ! Дар Тоҷикистон 470 нафар аз COVID-19 шифо ёфта, шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
ДУШАНБЕ, 20.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. То соати 17:00 дақиқаи 20 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2140 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 470 нафар шифо ёфтанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 41 нафар фавтидаанд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Манбаъ илова намуд, ки то имрӯз дар мамлакат 3532 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 595 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.
Бояд гуфт, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020, бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
То имрӯз тибқи нақшаи чорабиниҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемикӣ дар саросари мамлакат барои безараргардонии кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо, таъмини беморхонаҳо бо маводи зарурӣ ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ корҳои мушаххас амалӣ шуда истодааст.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд.
Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.
Барои таъмини беморхонаҳо бо доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводҳои худмуҳофизатӣ алайҳи мубориза бо бемории мазкур зиёда аз 45 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷет ва дигар ташкилотҳо ҷудо карда шудааст.
Танҳо имрӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар беморхонаҳои муваққатии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе барои қабули беморони мубталои короновирус бештар аз 3200 ҷойи эҳтиётӣ муҳайё карда шуд.
Бояд гуфт, ки тибқи дастури Пешвои миллат на танҳо дар пойтахт, балки дар дигар беморхонаҳо ва марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳо ҷойҳои иловагии хоби беморон бо шароити лозимаи табобат муҳайё шуда истодааст.
Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






