ХАБАРИ УМЕДВОРКУНАНДА! Шиддати беморшавӣ дар Суғд коҳиш ёфта, муроҷиати шаҳрвандон нисбатан кам гардидааст, беморхонаҳо тадриҷан холӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 20.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Хушбахтона, айни замон шиддати беморшавӣ дар вилояти Суғд коҳиш ёфта, муроҷиати шаҳрвандон нисбатан кам гардидааст ва беморхонаҳо тадриҷан холӣ мешаванд. Гузориши мазкур зимни ҷаласаи Ситоди вилояти Суғд оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси COVID-19, ки таҳти роҳбарии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи масъули Ҳукумати мамлакат Ширин Исматуллозода баргузор гардид, ироа гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Ҳамарӯза соати 19-00 дар меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода ҷаласаи Ситоди вилоятӣ доир карда мешавад.
Дар рафти ҷаласаҳо ҳисоботи масъулини соҳа, аз ҷумла муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Азиз Одиназода, муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Рустам Шоҳиён, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Нигора Ғаффорзода, муовини раиси вилояти Суғд оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Зайнура Азимӣ, сардори Раёсати тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода, муовинони раиси шаҳри Хуҷанд, сардухтурони Марказҳои саломатӣ, роҳбарони стансияи ёрии таъҷилӣ, нозироти давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят, раёсати Хадамоти оташнишонӣ, созмонҳои ҷавонон ва шӯроҳои занон шунида мешаванд.
Зимни ҷаласаи охир иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби табибон, ҳамшираҳои шафқат ва зиёда аз 900 нафар волонтёрон аз созмонҳои ҷавонон ва шӯроҳои занон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, инчунин вакилони ҲХДТ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва гардиши хона ба хона, ки дар тамоми шаҳр бо фаро гирифтани тамоми аҳолӣ ташкил карда шудаанд ва онҳо самараи хуб доданд. Аз ҷумла, беморони дарёфтшуда ҳарчӣ зудтар ба табобат фаро гирифта шуданд. Хушбахтона, айни замон шиддати беморшавӣ коҳиш ёфта, муроҷиати шаҳрвандон нисбатан кам гардидааст ва беморхонаҳо оҳиста — оҳиста холӣ мешаванд.
Сафари кории муовини Савазири ҶТ Ширин Исматуллозода дар вилояти Суғд идома дорад.








Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»






