Ҳайати Тоҷикистон дар аввалин таҷлили Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж иштирок намуд

Март 21, 2025 11:33

ДУШАНБЕ, 21.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи нахустин таҷлили Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи ҷаҳонии захираҳои обӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО — шаҳри Париж конфронси сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иштирок намуд.

Ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки яке аз нуктаҳои асосии чорабинӣ баррасии омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, маҳсуб мешавад.

Конфронси сатҳи баланди Париж ба ҳифзи пиряхҳо ва нақши онҳо дар идоракунии устувори захираҳои обӣ, инчунин таҳқиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба экосистемаҳои ҷаҳонӣ бахшида шуда, дар рафти он пешсафии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо ва равишҳои ҳамгироишуда дар ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва об таъкид гардид.

Конфронси Париж майдони махсуси муколама ва амал дар самти ҳифзи пиряхҳои ҷаҳон ва таъсири онҳо ба амнияти обӣ, ҷомеа ва экосистемаҳо арзёбӣ мегардад.

АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 21, 2025 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Вохӯрии роҳбарияти агентиҳои авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Хатлон ба 2,7 миллиард сомонӣ расонида шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ДОНИШҲОИ ЭКОЛОГӢ. Беҳдошти муҳити зист замина барои ояндаи ҷомеаи солим мебошад
Лоиҳаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ» баррасӣ карда шуд
Сокинони ноҳияи Панҷ дар заминҳои наздиҳавлигӣ бештар картошка кишт намудаанд
Дар Душанбе вохӯрии роҳбарони мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Ҳайати комиссияи ҳукуматӣ бо мавзеъҳои сабзазоркунии вазорату идораҳо дар Душанбе ва навоҳии атрофи он шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз мешавад
Дар Душанбе вохӯрии ҳафтуми роҳбарони мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад
Ҳайати расмии Бонки ҷаҳонӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд
Анна Бйерде: «Бонки ҷаҳонӣ сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро пуштибонӣ менамояд»