Ҳамкории ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид

Март 20, 2025 17:23

ДУШАНБЕ, 20.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои тақвияти ҳамкории ниҳодҳои олии аудити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар мулоқоти Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Валид ибни Абдураҳмон Ар – Решайдон баррасӣ шуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба бахши иттилоот ва кор бо воситаҳои ахбори оммаи палата хабар медиҳад, Ҷамшед Каримзода аз рушду тақвияти ҳамкории  Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Девони кулли муҳосиботи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Таъкид гардид, ки соли 2023 Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи аудити давлатӣ байни ду ниҳоди олии аудит ба имзо расонида шуд. Зимни он заминаи ҳуқуқӣ барои боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобили судманд байни мақомот фароҳам омада, ба баланд бардоштани маҳорату тахассуси неруи кадрии мақомот такони нав  бахшид. Барои ҳарду ҷониб ҳамкории фарогиру созанда дар соҳаи аудит хеле муҳим мебошад, ки яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду давлати шарики иқтисодӣ ба шумор меравад.

Дар айни замон дар доираи Ёддошти тафоҳум мо лоиҳаи баргузории машғулияти омӯзиширо таҳия дорем. Қарор аст ҳафтаи оянда барои мувофиқа ба Девони кулли муҳосиботи Арабистони Саудӣ ирсол намоем. Дар ин хусус ҷонибҳо тавассути воҳидҳои сохтории самти байналмилалӣ мунтазам дар тамос мебошанд.

Ҳамкории мутақобили судманд бо Девони кулли муҳосиботи Арабистони Саудӣ барои мо дар меҳвари фаъолият қарор дошта, Палатаи ҳисоб хостори густариши тавсеаи ҳама гуна ҳамкорӣ мебошад.

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки мулоқот дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва тавсеаи  робитаҳои судманд барои тарафҳо  саҳми бузург мегузорад ва  ҳамкорӣ дар такя ба  ин анъанаҳои нек минбаъд низ рушд меёбад.

 АКС: Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 20, 2025 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хива ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор шуд
Вохӯрии роҳбарияти агентиҳои авиатсияи граждании Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Хатлон ба 2,7 миллиард сомонӣ расонида шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ДОНИШҲОИ ЭКОЛОГӢ. Беҳдошти муҳити зист замина барои ояндаи ҷомеаи солим мебошад
Лоиҳаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ» баррасӣ карда шуд
Сокинони ноҳияи Панҷ дар заминҳои наздиҳавлигӣ бештар картошка кишт намудаанд
Дар Душанбе вохӯрии роҳбарони мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Ҳайати комиссияи ҳукуматӣ бо мавзеъҳои сабзазоркунии вазорату идораҳо дар Душанбе ва навоҳии атрофи он шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз мешавад
Дар Душанбе вохӯрии ҳафтуми роҳбарони мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад
Ҳайати расмии Бонки ҷаҳонӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд