Дар Душанбе ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус доир мешавад

Март 12, 2025 13:24

ДУШАНБЕ, 12.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

11 март вохӯрии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко доир шуд. Зимни он ҷонибҳо доир ба масъалаҳои соҳаи кишоварзӣ, озуқаворӣ ва омодасозии кадрҳо мубодилаи афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 5 июни соли 2024 дар шаҳри Минск ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид. Дар он Протоколи ниҳоии Комиссияи байниҳукуматӣ  ва Ёддошти тафоҳум дар бораи такмили низоми идентификатсия, бақайдгирӣ ва мониторинги ҳайвонот байни Муассисаи давлатии «Маркази системаҳои иттилоотӣ дар соҳаи чорводорӣ»-и Ҷумҳурии Беларус ва Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои кишоварзӣ»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 12, 2025 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

CASA-1000. Ин лоиҳа ҳамчун пули энергетикӣ барои ҳамгироии иқтисодӣ ва сиёсӣ замина фароҳам меорад
Ба боғдорону соҳибкорон равандҳои ҳамлу нақл ва логистикаи содироти хушкмева аз Тоҷикистон ба бозорҳои ҷаҳон омӯзонида шуд
Иштирокчиёни Форуми сайёҳии «Суғд — чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим» Қалъаи Хуҷандро тамошо намуданд
Тоҷикистон барои сохтмони марказҳои агрологистикӣ хостори ҷалби сармоя аз Арабистони Саудӣ мебошад
Масоили марбут ба бунёди иншооти муҳими стратегӣ дар Тоҷикистон бо ҷалби сармояи Корея баррасӣ шуд
Дар Палатаи ҳисоб бо иштироки роҳбарони мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои СҲШ ҳамоиш доир шуд
Тоҷикистон ва Эрон хостори таҳкими ҳамкории саноатӣ гардиданд
Ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Арманистон баргузор мегардад
Шарҳи дуюми татбиқи барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсати Хазинаи Байналмилалии Асъор барои Тоҷикистон баррасӣ шуд
Дар Душанбе гузариш ба иқтисоди «сабз» ва истифодаи оқилонаи захираҳои ангишт баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Спитамен дар 6490 гектар пунбадона кишт карда мешавад
Тоҷикистон Эронро аз муҳимтарин шарикони стратегии минтақавӣ дар Ховари Миёна медонад