Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар Душанбе Форуми байналмилалии заргарӣ ва Намоишгоҳи Тоҷикистон баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 15.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 то 26 март- дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз таҳти сарпарастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии заргарӣ ва Намоишгоҳи Тоҷикистон баргузор мегардад. Ин чорабиниҳо дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар самти равнақ додани ҳунармандӣ хеле муҳим мебошанд. Муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» ҳадаф ва барномаи ин форуми муҳимро тавзеҳ дод.
— Лутфан мегуфтед, ки чанд нафар барои иштирок дар Форуми байналмилалии заргарӣ дар Тоҷикистон номнавис шудаанд ва чанд нафар меҳмонон аллакай даъват шудаанд?
— Пеш аз ҳама, мехоҳам иброз намоям, ки дар Душанбе нахустин маротиба аст, ки чунин форуми калонмиқёс, ки доираи васеи вазифаҳоро дар бар мегирад, баргузор мешавад.
Форум таҳти сарпарастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, ҳадафи он муттаҳид намудани устодону дизайнерҳо, истеҳсолкунандагон, сармоягузорон ва коршиносони зиёда аз 15 давлати ҷаҳон мебошад.
Ба форум намояндагони сохторҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ, ширкатҳои маъруф, ки ҳам заргарӣ ва ҳам таҷҳизоти саноати заргарӣ истеҳсол менамоянд, даъват карда шудаанд. Дар айни замон зиёда аз 200 иштирокчӣ номнавис шудаанд. Беш аз 100 нафари онҳо намояндагони кишварҳои хориҷӣ мебошанд, ки ин, албатта, аз ҷалби таваҷҷуҳ ба форум на танҳо дар дохил, балки дар хориҷи ҷумҳурӣ низ дарак медиҳад.
— Кадом давлатҳо ва ширкатҳо дар форум иштирок менамоянд ва маҷмуи эҳтимолии иштирокчиён то кадом андоза бузург аст?
— Ҳангоми ташкили форум мо мақсад гузоштем, ки барои тарғиби анъанаҳои заргарии тоҷик, табодули таҷриба ва албатта, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ платформаи хосса бунёд созем.
Иштирокчиёни асосии форум намояндагони бахши давлатӣ мебошанд, ки ба истеҳсоли таҷҳизот барои соҳаи заргарӣ ва маҳсулоти заргарӣ ҷалб шудаанд, инчунин намояндагони доираҳои тиҷоратӣ ва бахши хусусӣ, яъне ширкатҳо, истеҳсолкунандагони металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, маҳсулоти заргарӣ, хонаҳои заргарӣ ва брендҳо, заргарон – ҳунармандон, тарроҳони маҳсулоти заргарӣ ва сармоягузоронеянд, ки ба ин соҳа таваҷҷуҳ доранд ва омодаи фаъолият дар ин самт ҳастанд.
Интизор меравад, ки тақрибан 50 корхонаи заргарии маҳаллӣ, ҳунармандони инфиродӣ ва тарроҳони заргарӣ, инчунин зиёда аз 200 ҳунарманди хориҷӣ- брендҳои заргарӣ аз Озарбойҷон, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Чин, Амороти Муттаҳидаи Араб, Покистон, Русия, Туркманистон, Туркия, Узбекистон, инчунин намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва Шарқи Наздик дар кори ин форум иштирок намоянд.
Дар раванди форум ба коршиносон ва муҳаққиқони соҳаи санъати заргарӣ ва коллексионерҳо аҳамияти махсус дода мешавад.
Дар доираи форум ҷаласаҳои пленарӣ ва нишастҳои таълимӣ ба нақша гирифта шудаанд, ки дар онҳо намояндагони муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоти фарҳангӣ, донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таълимии заргарӣ метавонанд дониш ва малакаи худро тавассути заминаҳои амалӣ ва назариявии санъати заргарӣ пурра намуда, бо тамоюлҳои муосири рушди соҳа дар миқёси байналмилалӣ шинос шаванд.
— Дар бораи раванди баргузории форум каме маълумот диҳед.
— Барномаи банақшагирифтаи форум хеле гуногун аст ва ба назари мо тамоми ҷанбаҳои санъати заргариро фаро мегирад.
Баргузории ҷаласаи пленарӣ ва сессияҳои мавзуӣ, намоишгоҳи таҷҳизоти заргарӣ, намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти заргарӣ, намоиши мӯд дар ҳамкорӣ бо брендҳои заргарӣ, нишастҳои таълимӣ, мастер-классҳо ва дигар доираҳо пешбинӣ шудааст.
Албатта, дар ин раванд масъалаҳои татбиқи технология, рушди инноватсионӣ ва тамоюлҳои соҳаи заргарӣ низ муҳокима карда мешаванд.
Ба иштирокчиён инчунин имконият дода мешавад, ки бо кластерҳои заргарӣ дар Душанбе ва меҳмонони хориҷӣ бо осорхонаҳо ва маҷмааҳои фарҳангии Тоҷикистон шинос шаванд.
— Форуми байналмилалии заргарӣ ва Намоишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кадом вазорату ташкилот баргузор мегардад?
— Форуми байналмилалии заргарӣ ва Намоишгоҳи Тоҷикистон аз 24 то 26 март дар Душанбе таҳти сарпарастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Ташкилкунандаи чорабинӣ Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияи эҷодии «TZ» мебошад.
Ба кумитаи ташкилӣ дигар мақомоти давлатии ҷалбшуда, ширкатҳое, ки бахши соҳавӣ ва заргарии Тоҷикистонро намояндагӣ менамоянд, низ дохил мешаванд.
— Дар доираи форум кадом масъалаҳо баррасӣ карда мешаванд?
— Мо кӯшиш менамоем, ки тавассути муколамаи ошкоро ба амалӣ намудани робитаҳои мустақим байни иштирокчиён дар қолабҳои гуногун мусоидат намоем, ҷомеаи сармоягузориро ба ҳамкорӣ ҷалб намоем ва ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалиро дар тамоми занҷири глобалии эҷоди арзиши иловашуда дар бахши заргарӣ тақвият бахшем.
Зеро чуноне ки маълум аст, мардуми тоҷик давоми ҳазорсолаҳо бо санъати заргарии худ шуҳрат пайдо кардааст. Тасдиқи ин гуфтаҳо коллексияи заргарӣ дар осорхонаҳои пешрафтаи ҷаҳон, ба монанди Осорхонаи Британия, Осорхонаи Виктория ва Алберт дар Лондон мебошад, ки дар онҳо ганҷҳои қадимии Амударё ҷойгир шудаанд. Инчунин осори ҳунари заргарии тоҷикон дар Осорхонаи давлатии Русия, Эрмитажи давлатӣ дар Санкт-Петербург, Осорхонаи этнографии Русия дар Санкт-Петербург, Осорхонаи Метрополитен дар Ню-Йорк ва ғайра нигоҳ дошта мешаванд.
Илова бар ин, истихроҷи металлу сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо дар Тоҷикистон имрӯз 30 фоизи саноати маъданро ташкил медиҳад, ки яке аз соҳаҳои афзалиятноки мамлакат ба ҳисоб меравад.
Мехостам махсус иброз намоям, ки ҳамаи ин ҳадафҳо аз вазифаҳое бармеоянд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” (2019-2021) дар назди масъулин гузошта буданд. Бо шарофати ин имрӯзҳо дар Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои мамлакат марказҳои заргарӣ фаъолият доранд. Маҳсулоти онҳо анъанаҳои заргарии ҳар минтақаро бо таваҷҷуҳ ба тамоюлҳои муосир инъикос намуда, насли нави тарроҳони ҷавон бо идеяҳои нави эҷодӣ ба истеҳсолоти заргарии мамлакат ҷалб гардидаанд.
— Дар форум кадом гӯшаю ғурфаҳо намоиш дода мешаванд?
-Маълумоти муфассал дар бораи гӯшаҳо ва ғурфаҳои намоишгоҳ, ки дар Форуми байналмилалии заргарӣ таҳти унвони «Дар саргаҳи хазинаи Амударё» ва Намоишгоҳи Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, дастовардҳои санъати заргарии тоҷик ва технологияҳои нави ин соҳаро нишон медиҳанд, дар сомонаи www.jewelryforum.tj дастрас аст.
— Дар доираи Форуми байналмилалии заргарӣ баргузории машварат ё ҳамоишҳо ба нақша гирифта шудааст?
— Барномаи форум баргузории ду ҷаласаи панелиро оид ба технологияҳо ва таҷҳизоти пешрафта, ки барои истеҳсоли ҷавоҳирот истифода мешаванд, муайян менамояд ва дар бораи “Пешниҳодҳо оид ба беҳтар кардани санади меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи заргарӣ: мушкилот ва имконият” чор ҷаласаи таълимӣ, аз ҷумла дарси маҳорат оид ба “Асосҳои тарроҳӣ дар таҳияи ҷавоҳирот” барои заргарони навкор аз ҷониби бренди машҳури заргарӣ гузаронида мешаванд.
— Форум барои истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони маҳаллӣ чӣ имконият фароҳам меорад?
— Мисли ҳамаи платформаҳои байналмилалӣ форуми мо, пеш аз ҳама, ба тақвияти робитаҳо байни ширкатҳое, ки дар истихроҷи маъдан ва заргарӣ фаъолият менамоянд, таҳкими ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ дар тамоми занҷири глобалии эҷоди арзиши иловашуда дар бахши заргарӣ ва табодули таҷриба байни иштирокчиён дар соҳаи истифодаи инноватсия ва технологияҳои нав дар бахши заргарӣ нигаронида шудааст.
Форум ба иштирокчиён имконияти беназире фароҳам меорад, ки дониш ва таҷрибаро тавассути шиносоӣ бо тамоюлҳои байналмилалӣ дар ин соҳа ғанӣ гардонанд.
Бешубҳа, метавон гуфт, ки ин форум ба иқтидори касбии истеҳсолкунандагони ҷавоҳироти маҳаллӣ, соҳибкорон, ҳунармандон, ҳунармандони ҷавон ва тарроҳон тақвият мебахшад.
Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонии Азиз Назар