Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Ҳиндустон, Эрон ва Покистон дар соҳаи саноат баррасӣ шуд

Март 5, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 05.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Густариши ҳамкории Тоҷикистон дар бахши саноат дар мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо  сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон Раҷеш Уикер, Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Ҳақиқиён ва Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Саид Сарвар дар Душанбе баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки  ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, алалхусус дар соҳаи саноат табодули назар намуданд.

Гуфта шуд, ки  байни давлатҳо зарфияти зиёд барои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ мавҷуд аст. Дар робита ба ин аз доираи соҳибкорону сармоягузорони ин давлатҳо барои иштирок дар лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд.

Дар мулоқот ҳамзамон масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар бахши истихроҷи маъдан, соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон, дорусозӣ ва дар ин замина таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо оид ба пайдо намудани роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ибрози назар намуданд.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 5, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вобаста ба рушди энергетика дар даврони истиқлолият конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Майдонҳои зироати кишоварзии минтақаҳои Ҳисор ва Турсунзода аз жола ҳифз карда шуданд
«Амонатбонк» дар доираи «Моҳи саводнокии молиявӣ» дар Ашт ҳамоиш доир намуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳамкориро бо ширкатҳои телекоммуникатсионӣ густариш медиҳад
Кишоварзони шаҳри Кӯлоб дар 400 гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Масъалаи ҷалби ширкатҳои эронӣ барои фаъолият дар нахустин IT-парки Душанбе баррасӣ шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо фаъолияти кишоварзони шаҳри Ҳисор шинос шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Корхонаи заргарии ҶДММ Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чинро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов кишти пунбадона оғоз гардид
Ҳайати Тоҷикистон бо имконоти соҳаҳои гуногуни Узбекистон шинос гардид
Дар неругоҳи «Сангтӯда-1» аудити Низоми идоракунии экологӣ гузаронида шуд
Дар шаҳри Панҷакент боғи тамашк бунёд мешавад