Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мутахассисони рақобатпазир омода менамояд

Апрель 10, 2025 09:02

ДУШАНБЕ, 10.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгорони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо хатмкунандагони «Литсейи инноватсионии Душанбе» –и назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон оид ба интихоби дурусти касб ва имконияти донишгоҳ вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ба хатмкунандагон иттилоъ дода шуд, ки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соли 1990 таъсис ёфта, аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистон барои соҳаҳои воқеии иқтисодиёти мамлакат — саноати сабук ва хӯрокворӣ мутахассисони дорои маълумоти олӣ омода намудааст.

Аз оғози фаъолият то инҷониб донишгоҳ беш аз 18 000 мутахассисони рақобатпазир омода намудааст, ки онҳо дар соҳаҳои калидии иқтисодиёти давлат фаъолият доранд.

Донишгоҳ  бо 140 таълимгоҳи олии давлатҳои хориҷа ҳамкорӣ дорад. Дар ин замина ба донишгоҳ мутахассисони хориҷӣ даъват шуда, аз фанҳои тахассусӣ дарс медиҳанд.

Дар назди донишгоҳ Маркази муштараки Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ фаъолият менамояд. Марказ ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки забонҳои муосири барномасозиро азхуд намуда, тарзи барномарезии кори роботҳо ва савораҳои беодамро аз худ намоянд.

Инчунин иттилоъ дода шуд, ки дар донишгоҳ ҳамасола озмунҳои «Ихтироъкори ҷавон» ва «Беҳтарин лоиҳаҳои инноватсионии донишҷӯӣ» баргузор мегарданд. Дар назди кафедраҳои тахассусӣ беш аз 20 маҳфили илмӣ-инноватсионӣ фаъолият менамоянд, ки ба баланд бардоштани маҳорату малакаи донишҷӯён мусоидат менамоянд.

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Апрель 10, 2025 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Зиёда аз 50 муассисаи таълимии вилояти Суғд бо таҷҳизоти рақамӣ таъмин гардид
НАХУСТИН МАРОТИБА ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Дар Тоҷикистон Сурдоолимпиадаи фаннӣ оғоз гардид
Омӯзгори фанни химия аз Варзоб дар даври минтақавии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» сазовори ҷойи якум гардид
Дар шаҳри Хуҷанд даври дуюми озмуни шаҳрии «Хонандаи сол-2025» баргузор гардид
Байни Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе ва коллеҷу марказҳои таълимии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҳафтаи илм ҷамъбаст гардид
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии Brainiacs 60 медал ба даст оварданд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «BRAINIECS-2025» соҳиби 37 медал гардиданд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи дуюми математикии Туркманистон сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм шуданд
Хонандаи тоҷик Алиҷон Убайдуллоев ғолиби озмуни ҷаҳонии «Пули забони чинӣ» гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонон ҳамоиш баргузор шуд
Омӯзгори тоҷик ғолиби Форуми XV иқтисодии ҷавонони Авруосиё — 2025 гардид