ОЗМУНИ ФАЛАКСАРОЁНИ ВИЛОЯТ
Қӯрғонтеппа, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Қӯрғонтеппа озмуни вилоятии фалаксароён гузаронида шуд. Дар он асосан фалаксароёни ҷавон ширкат варзиданд.