МУЛОҚОТИ САРВАЗИР
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов имрӯз бо сафири нави Швейтсария дар Тоҷикистон Стефан Неллен мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария дар соҳаҳои гидроэнергетика, ҷалби сармоя, тандурустӣ,