Ҷашни касбии кормандони тиб муборак!
Душанбе, 18.08.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Имрӯз, 18 август кормандони соҳаи тиб иди касбии худро таҷлил мекунанд. Бахшида ба ин ид, субҳи имрӯз дар пойтахт дар пояи пайкараи аллома, ҳакими Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино маросими гулгузорӣ доир гардид. Табибон дар ин рӯз хотири ин аллома ва табиби бузургро пос дошта, бори дигар хизматҳои Синоро дар тибби ҷаҳонӣ зикр намуданд.
Имрӯз чун анъана ба табибон ва кормандони ин соҳа, ки дар пешрафти соҳаи тиб саҳм гузоштаанд, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида мешаванд.
Хотиррасон мекунем, ки Парлумони ҷумҳурӣ соли 1995 Иди касбии табибонро ба номгӯи идҳои давлатӣ ворид намуда, он акнун ҳамасола дар зодрӯзи устод Абӯалӣ ибни Сино ҷашн гирифта мешавад.
Абӯалӣ ибни Сино бузургтарин симои олами тибби ҷаҳонӣ мебошад. Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-тои он расидааст. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фаро гирифта, 150-тои он ба илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар ба илми пизишкӣ тааллуқ дорад. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои «Ал-Шифо» ва «Қонун» мебошад, ки бузургтарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон ба шумор меравад.
Абуалӣ дар ҷаҳон чун яке аз пурмаҳсултарин олим ва адиб эътироф гаштааст. Фаъолияти эҷодии вай аз 17-18 солагиаш дар солҳои 996-997 шурӯъ шуда, расо 40 сол давом кардааст.
Абӯалӣ Сино дар рушди илми тиб саҳми бениҳоят арзанда гузоштааст. Вай дар пешрафт ва тараққиёти дигар соҳаҳои илми тиб низ хизмати босазо кардааст. Ӯ усулҳои набзшиносӣ, табшиносӣ, бавлшиносӣ, вабошиносиро нишон дода, роҳҳои муолиҷаи чунин бемориҳоро тавсия додааст. Хизматҳои Сино дар соҳаи дорушиносӣ ва дорусозӣ низ беҳамто мебошад.
Имрӯз дар Тоҷикистон барои эҳтироми ин ҳакими бузург хиёбоне дар пойтахт номгузорӣ шуда, ба муносибати 1000- солагии мавлудаш дар маркази шаҳр муҷассамаашро афрохтанд. Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон низ имрӯз номи ӯро дошта, бо номи ин олим Мукофоти давлатӣ таъсис дода шудааст.








ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид






