Рушди соҳаи кишоварзӣ дар даврони Истиқлол

Август 26, 2014 15:42

Душанбе, 26.08.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Мардуми шарифи Тоҷикистон имсол 23-солагии Истиқлолияти давлатии хешро таҷлил менамояд. Ҷашне, ки давраи бунёдкории мардуми Тоҷикистонро ба зуҳур овард, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандонро хеле боло бурд.Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои зиёди иқтисодиву сиёсӣ, фарҳангиву маънавӣ ноил гардид. Аз ҷумла, дар соҳаи кишоварзӣ пешравиҳо хеле зиёд ба чашм мерасанд.Дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ имрўз шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) 54,3 ҳазор, аз ҷумла: 890 адад асотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), 819 адад хоҷагиҳои деҳқонии коллективӣ ва 357 ададро хоҷагиҳои кооперативӣ ташкил медиҳанд.Саҳми бахши хусусӣ дар рушди соҳаи кишоварзӣ мустаҳкам гардида истодааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфта, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2010 нисбат ба соли 1991 3,2 маротиба зиёд гардидааст.Бояд зикр намуд, ки соҳаи кишоварзӣ бахши пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор рафта, дар солҳои охир новобаста аз таъсири офатҳои табиӣ ва омилҳои бўҳронӣ дар сатҳи зарурии устувор қарор дошта, ба ҳисоби миёна 18-21 фоизи маҷмўи маҳсулоти дохилиро таъмин менамояд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ бо мақсади баланд бардоштани истеҳсолоти кишоварзӣ ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Барномаи «Ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» дар асоси ҳуҷҷатҳои стратегӣ дар ҷумҳурӣ қабул шуд, аз ҷумла: Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар барои давраи солҳои 2010-2012, Барномаи амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардидааст.Дар Барнома тағйироти куллиеро, ки солҳои охир дар сиёсати макроиқтисодӣ ва вазъи иҷтимоию иқтисодии бахши кишоварзӣ, таъсири равандҳоеро, ки дар бозори ҷаҳонӣ ба вуҷуд омадаанд, инчунин вазъиятеро, ки дар иқтисодиёти мамлакат вобаста ба бўҳрони молиявию иқтисодӣ ба амал омадааст, ба назар гирифта шудааст. Самараи Истиқлол аст, ки танҳо дар 6 моҳи соли ҷорӣ новобаста аз мушкилиҳои ҷойдошта дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 4,6 млрд. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 6,0 фоиз зиёд мебошад. Суръати афзоиш дар соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ мутаносибан 13,7 ва 4,0 фоизро ташкил кард.Инчунин дар ин давра баҳри самаранок ва оқилона истифода намудани ҳар як ваҷаб замини обӣ ва гирифтани на камтар ду ҳосил аз як замин хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ баъд аз ҷамъоварии ҳосил дар масоҳати 40737 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладонагиҳо -19576 гектар, зироатҳои техникӣ-1100, картошка-303, сабзавот-3487, полезӣ-2225 ва зироатҳои хӯроки чорво-14046 гектар гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба ғайр аз ғалладона, сабзавот ва зироатҳои хӯроки чорво дигар маҳсулотҳо аз 108,0 фоиз то 3,4 маротиба зиёд шудааст.Гуфта мешавад, ки дар давоми 6 моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли гӯшт-60520, шир-319581, пашм-3956 тонна, асал-500,5, гӯшти моҳӣ-330,7 тонна ва тухм 152 млн. дона расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан аз 3,1 фоиз то 8,5 фоиз зиёд шудааст. Ҳамчунин дар ин давра хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ (фермерӣ) саршумори чорвои калон-159452 сар, аз ҷумла модагов -44713 сар, гӯсфанду буз-983019, асп-21377 ва парранда-2010577 сарро доро гардиданд. Соҳаи моҳипарварӣ низ сол то сол тараққӣ ёфта истодааст. Дар натиҷаи амалишавии «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ » шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 190 адад расонида шуд, ки нисбат ба давраи қабули барнома шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ 182 адад зиёд гардидааст. Аз рӯи маълумотҳои оморӣ дар 6 моҳи соли ҷорӣ хоҷагиҳои моҳипарварӣ 336,7 тонна моҳӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,2 тонна зиёд мебошад.Соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ барои амалишавии Барнома 300 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, ки аз ҶСК «Суғд Моҳӣ»-и шаҳри Қайроққум 310 ҳазор моҳичаҳои зотӣ ва 12 миллион кирминамоҳичаҳо харид шуданд. Дар асоси дархости хоҷагиҳои моҳипарварӣ миқдори зикргардидаи моҳичаҳо ва кирминамоҳиҳо ба хоҷагиҳои моҳипарварӣ дастрас гардиданд.Дар даврони аз Истиқлол то Истиқлол ҷиҳати рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, ки бо ин маблағ 200 оилаи занбӯри асал бо ҳамаи таҷҳизоташ, инчунин доруворӣ ва хӯрокӣ харид гардида, дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба занбӯрпарварон дастрас карда шуд. Инчунин аз ҳисоби маблағи мазкур харидорӣ намудани сехи шикастани кристализатсия ва дар зарфҳо ҷобаҷокунии асал ва 350 модарзанбӯри зотӣ берун аз марзи ҷумҳурӣ дар назар аст. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ то 1 июли соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 500,5 тонна асал истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39,4 тонна зиёд аст. Хуллас ,дар соҳаи кишоварзӣ тараққиёт ва пешравиҳо хеле зиёд ба назар мерасанд, ки сарчашмаи ҳамаи ин бурдбориҳо аз соҳибистиқлолӣ ва дунявию ягонагии кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад.

Август 26, 2014 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд
Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 25 электромотороллер дастрас гардид
Бар асари бориши зиёд дар Бразилия панҷ нафар ҳалок ва 18 нафар бедарак шудаанд
Дар Чин шумораи бар асари фурӯравии қитъаи роҳи баландсуръат ҳалокшудагон ба 36 нафар расид
Хонандагони муассисаҳои таълимии Норак дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 35 медал шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд