Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар кишвар
Душанбе, 17.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Тибқи маълумоти Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли ҷорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ба 10 млрд. 455 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 177 млн. сомонӣ ё бо нархҳои муқоисавӣ 6,0% зиёд шудааст.
Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба соҳаи растанипарварӣ 7335 млн. сомонӣ ва чорводорӣ 3120 млн. сомонӣ рост омадааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи нархҳои муқоисавӣ 4,0 ва 10,1 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар ин давра истеҳсоли маҳсулотҳо, аз ҷумла ғалладонагиҳо-963659 тонна, пахта-12427, картошка-373993, сабзавот-880816, полезӣ-342740, мева-172363, ангур-73482, гӯшт-94414, шир-443929, пашм-4838, асал- 1430, гӯшти моҳӣ-421 тонна ва тухм-208,1 млн. донаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта сабзавот-10,8, полезӣ-12,8, мева-2,6, ангур-7,5, гӯшт-6,5, шир-4,2, пашм-3,3, асал-8,3, гӯшти моҳӣ-3,1 ва тухм-0,7 фоиз афзоиш ёфта, дигар маҳсулотҳо, аз ҷумла ғалладона-4,6, пахта-51,1 ва картошка-17,2 фоиз коҳиш ёфтааст.
Дар баробари ин нишондиҳандаҳои манфӣ дар дигар шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятӣ аз ҳисоби кам гардидани истеҳсоли ғалладона-44194 тонна, аз он гандум-35645, пахта-12996, картошка-14076 тонна тухм -2,6 млн. дона ва дар хоҷагиҳои аҳолӣ аз ҳисоби истеҳсоли ғалла-2762, картошка-63825 ва полезӣ-17760 тонна ба назар мерасад.
Бояд зикр кард, ки нишондиҳандаҳои манфӣ ба ғайр аз ноҳияи Тоҷикобод дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дида мешавад, аз ҷумла, дар хоҷагиҳои аҳолии шаҳр коҳиши ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба миқдори 0,4 млн. сомонӣ, аз он дар соҳаи растанипарварӣ-2 млн. сомонӣ, истеҳсоли картошка-2360, сабзавот-520 ва мевагиҳо-75 тонна ба миён омадааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






