Забони давлатӣ яке аз рукнҳои давлатдорӣ

Сентябрь 24, 2014 16:29

 

Душанбе, 24.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавчуда Анварӣ).-   Мардуми Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият шоҳиди дигаргуниҳои бузург ва бесобиқа дар татбиқи сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон, бахусус забони давлатӣ мебошад.  Давлати мо дар раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 соҳиби Сарқонуни худ шуд, ки дар моддаи дувуми он навишта шудааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».
 
Президенти кишвар дар ҳама суханрониҳои хеш ба муносибати Рӯзи забон ба забон ҳамчун рукни ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллӣ арҷгузорӣ намуда, сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳамин поя устувор сохтааст.
 
Ҳамин сиёсати хирадмандона буд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони миллӣ дар даврони Истиқлолият дар мақоми забони давлатӣ пазируфта шуда ва он имрӯз ба таври озод дар умури сиёсиву иҷтимоии кишвар мавриди истифода қарор дорад. Маҳз дар партави ҳамин сиёсати миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ забони мо бо доштани имконоти фаровон дар асоси қолабҳои меъёрии суннатӣ ва равишҳои адабӣ дар ҷомеа мақому мартаба пайдо хоҳад кард.
 
 Президенти кишвар дар Паёми табрикотии хеш ба муносибати шонздаҳумин солгарди Рӯзи забон 22 июли соли 2005 волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани онро аз далелҳои ифтихори миллӣ ва Ватану ватандорӣ дониста, забони тоҷикиро аз олитарин муқаддасоти миллӣ эълон доштааст, ки ин волотарин арҷгузорӣ ба забони миллӣ ва миллати хеш аст.
 
Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5 октябри соли 2009 аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида, дар асоси Протоколи маҷлиси Ҳукумати ҶТ аз 30 октбяри соли 2009, ҷиҳати иҷрои муқаррароти Қонуни мазкур ба мақомоти марбута дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. 
 
Боиси ифтихор аст, ки бо талаботи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рушди сиёсати забони давлатӣ Ҳукумати ҶТ зарур шуморид, ки Қонуни забони ҶТ (аз 22 июли соли 1989) таҷдиди назар шавад. Ба ҳамин хотир 5 октябри соли 2009, Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатии ҶТ” қабул шуд. Дар баробари ин, барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати ҶТ сохтори нав бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 31 октябри соли 2009, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
 
Баъди таъсисёбии кумита дар асоси супориши Ҳукумати ҶТ аз соли 2009, ба талаботи муқаррароти Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатии ҶТ” мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии мақомоти дахлдор ба вазорату идораҳо супориш дода шуд.
 
Зимни мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 октябри соли 2010) ба қонунҳои конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ», «Дар бораи интихоби вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», «Дар бораи Суди конститутсионии ҶТ», «Дар бораи мақомоти прокуратураи ҶТ», «Дар бораи судҳои ҶТ», Қонуни ҶТ «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», Қонуни ҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ», Қонуни ҶТ «Дар бораи мақомоти амнияти миллии ҶТ», Қонуни ҶТ «Дар бораи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ», Қонуни ҶТ «Дар бораи милитсия» ва Кодекси гумруки ҶТ тағйироту иловаҳо вобаста ба донистани забони давлатӣ ворид гардиданд, ки ин иқдом дар таҳкими мақоми забони давлатӣ   хеле муҳим арзёбӣ мешавад.
 
Аз рӯзи қабул гардидани Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ (4-уми октябри соли 2009) то имрӯз дар фазои сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии ҷумҳурӣ рӯйдодҳои зиёд ба амал омаданд. Пеш аз  ҳама, ҳаёти сиёсии Тоҷикистон ба маҷрои ором ва умедбахш ворид гардида, дар бисёр бахшҳо пешравиҳо ба назар мерасанд. Аз ин рӯ, месазад, ки имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тамоми бахшҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар нақши муассир ва созанда дошта бошад. 
 
Қобили тазаккур аст, ки баъд аз қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» бо мақсади густариши раванди татбиқи Қонуни мазкур ва тақвият бахшидани фаъолияти вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо 2 маротиба мулоқоти Сарвари давлат бо аҳли ҷамоат баргузор гардид. Суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ   дастури барномавие буд, ки заминаи мусоидро барои татбиқи сиёсати давлат дар бораи забон дар марҳилаи нав фароҳам овард. 
 
Санҷиш ва омӯзиши вазъи иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳот маҳсуб мегардад.
 
Мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ»ҳар як шаҳрванди ҶТ вазифадор аст забони давлатиро донад. Тадбири бисёр муҳими дигар дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон ва Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ», ин таҳия ва қабули Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 мебошад. 
 
Зарурати таҳия ва қабули барномаи мукаммалеро, ки бояд дурнамои воқеии рушди забони давлатиро дар шароити соҳибистиқлолӣ инъикос намояд, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ 5 октябри соли 2010 таъкид намуда, Кумитаи забон ва истилоҳотро барои таҳияи ин барнома муваззаф сохт. Бояд зикр намуд, ки барномаи мазкур бар пояи таҳлилҳои дақиқи илмӣ бо назардошти дурнамои рушди забони давлатӣ таҳия гардида, дар он роҳҳо ва воситаҳои ташаккули забони миллӣ мутобиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон муқаррар гардидааст.
 
 Барномаи рушди забони давлатии ҶТ барои солҳои 2012-2016, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ тасдиқ гардид, пеш аз ҳама барои татбиқи давра ба давраи сиёсати давлатӣ дар бораи забон, таъмини ҳатмии мақоми конститутсионии забони тоҷикӣ дар тамоми ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо ва татбиқи самарабахши Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» заминаҳои мусоид фароҳам меорад.
 
Барои расидан ба ҳадафҳои барнома Сарвари Давлат дар мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ 4 октябри соли 2012 дар назди вазорату идораҳо вазифаҳои мушаххас гузошт, ки онҳо дар нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти ҶТ зимни мулоқот дақиқ ифода ёфтаанд. 
 
Мутобиқи қарори Ҳукумати ҶТ аз  соли 2012, «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 Кумитаи забон ва истилоҳот ҳамоҳангсози татбиқи Барномаи мазкур муқаррар гардидааст.
 
Иҷрокунандагони барнома Кумитаи забон ва истилоҳот, вазоратҳои маориф, фарҳанг, нақлиёт, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати энергетика ва саноат, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Маркази миллии қонунгузорӣ, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Кумитаи телевизион ва радио, Хадамоти муҳоҷират, Хадамоти алоқа, Академияи илмҳо, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Академияи илмҳои тиб, Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, Институти илмҳои гуманитарӣ, Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи омӯзгорӣ, Донишгоҳи давлатии тиббӣ, Донишгоҳи технологӣ, Донишгоҳи техникӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муқаррар гардидаанд. 
 
Мутобиқи қисми 4 моддаи 3 Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ»мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак  ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вазифадоранд барои омӯхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон шароит фароҳам оранд. 
 
Қобили тазаккур аст, ки то имрӯз дар аксарияти ташкилоту муассисаҳо барои ташкили давраҳои бозомӯзии забони давлатӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуданд.
 
Мутобиқи қисми 6 моддаи 3 Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад.
 
Воқеияти таҳияи чунин як имлои ҷавобгӯ ба меъёрҳои забони тоҷикӣ дар номаи табрикотии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 22 июли соли 2003 ба муносибати Рӯзи забон таъкид гардида буд. Ин дастури бисёр муҳим ва ҳидояти Сарвари Давлат дар иртибот ба таҳия ва пешниҳоди қоидаҳои имлои фарогири меъёрҳои забони адабӣ пас аз таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳот  амалӣ гардид. Бо пайгирӣ аз татбиқи ин ҳадафи муҳим барои  таҳияи  лоиҳаи  нав  дар  асоси фармоиши раиси румита (8 январи соли 2010) дар ҳайати забоншиносон Д. Саймиддинов (раис), С. Назарзода, Б. Камолиддинов, Ҳ. Маҷидов, Ғ.Ҷӯраев, Ш. Исмоилов, М. Султонов, Ф. Зикриёев, О. Маҳмадҷонов, Ш. Кабиров ва К. Донаева (котиб) гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. 
 
Лоиҳа пас аз баррасии ниҳоӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ бо назардошти хулосаи вазоратҳо ва кумитаҳои марбута ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод ва бо қарори Ҳукумати ҶТ 4 октябри соли 2011 тасдиқ шуд.
 
Кумита бо Амри Президенти ҶТ аз 14 июни соли 2013, аз ҳисоби фонди захиравии Президенти кишвар дар ҳамкорӣ бо олимони забоншинос «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ»-ро таҳия ва барои чоп омода намуд, ки имрӯз китоби мазкур фарҳанги рӯимизии ҳар як мутахассиси кишвар мебошад.
 
Як нуктаи бисёр ҷолибе, ки дар суханронии Сарвари Давлат ба муносибати Рӯзи забон (22 июли соли 2008) таъкид мешавад, ин омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар заминаи забони тоҷикӣ ва ё забони давлатӣ дониста мешавад. Ин ҳидояти Президенти кишвар водор месозад, то забонҳои хориҷӣ на дар заминаи забони бегона, ки он низ забони хориҷӣ маҳсуб мешавад, балки бояд бар пояи меъёрҳои забони модарӣ ва риояи вижагиҳои он омӯхта шавад. Ин шеваи омӯзиш барои робитаҳои озоди мо бо кишварҳои ҷаҳон ва арҷ гузоштан ба забони давлатӣ дар баробари забонҳои дигар равиши мусбат арзёбӣ мегардад.
 
 Бояд тазаккур дод, ки кумита дар фаъолияти худ баҳри татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» барои риояи муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ вобаста ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, аз ҷумла, Аҳдномаи байналмилалии ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, санади машварати Копенгаген, тавсияҳои Гаага дар бораи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ба таҳсилот, тавсияҳои Осло дар бораи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ва ғайраҳо дар иртибот ба забон мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад.
 
 Ҳамасола дар кумитаи забон ва истилоҳот бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ 21 феврал мизҳои мудаввар, вохӯриҳо бо иштироки доираи васеи муҳаққиқон, намояндагони ҷамъиятҳои ақаллиятҳои миллии сокини Тоҷикистон, намояндагони забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва яғнобӣ баргузор менамояд.
 
Таҳия, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот яке аз масъалаҳои муҳим дар роҳи рушди забони давлатӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, кумита бо мақсади татбиқи тадбирҳои муассир барои ташаккули забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм ва танзими истилоҳот дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо қарори ҳайати мушовара аз   соли 2011,   аз зумраи олимону муҳаққиқони соҳаҳои мухталиф Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳотро таъсис додааст, ки он аз 3 гурӯҳ ва 19 бахш иборат аст.
 
Ҳоло дар ҳайати Шӯро  зиёда аз 100 нафар муҳаққиқ фаъолият дорад.
 
То имрӯз кори Шӯрои ҳамгунсозии истилоҳот муназзам ба роҳ монда шудааст. Дар ҳамкорӣ бо ҳайати Шӯрои мазкур кумита дар давоми фаъолияти худ  беш аз 40 фарҳангномаи марбут ба истилоҳоти соҳавиро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, хулосаи кумитаро пешниҳод намудааст. Фарҳангномаҳо бештар дар соҳаҳои тиб ва дорусозӣ, сиёсатшиносӣ, кишоварзӣ, техникӣ, иқтисодиёт, сохтмон ва меъморӣ,  биологӣ, нассоҷӣ, педагогӣ, нақлиёт, коргузорӣ ва дигар соҳаҳои тахассусӣ таҳия гардида, дузабона (русӣ-тоҷикӣ) ва сезабона (тоҷикӣ -англисӣ-русӣ) мебошанд.
 
Дар тӯли 5 соли фаъолият бахши экспертизаи забоншиносии кумита 84-Қонуни ҶТ, 7-Қарори Ҳукумати ҶТ, 8-Низомнома, 4- Консепсия, 9-Созишнома, 4-маълумотнома, 2-оиннома, 6-Барнома, 2- тавсиянома, 1-санад, 8-парвандаи судӣ, 15 Таъиноти судӣ, 8 Луғатнома, 10 Мақола, 3 Нақша, 3 Барчаспи маводи хӯрокворӣ ва 53 номгузории ташкилоту муассисаҳор мавриди экспертизаи забоншиносӣ қарор дод.
 
Кумитаи забон ва истилоҳот ҳамасола ба ифтихори ин ҷашни муқаддас мизи мудаввар ва  конфронсҳои ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро бо иштироки намояндагони вазорату кумитаҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва воситаҳои ахбори омма баргузор менамояд, ки то имрӯз Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Истиқлолият ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон» ( 2010),мизи мудаввар таҳти унвони «Тоҷикистон — Қазоқистон: Истиқлолият ва рушди забони давлатӣ»(2011), мизи мудаввар таҳти унвони «Барномаи стратегии рушди забони давлатӣ ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон» (2011), Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Забони давлатӣ ва танзими истилоҳот» (18 сентябри соли 2012), Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ таҳти унвони «Танзим ва корбурди истилоҳот дар забони давлатӣ» (1 октябри соли 2013), мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ (21 феврали соли 2014),  мизи мудаввар ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз (18 марти соли 2014)  баргузор гардида, дар татбиқи сиёсати забони давлатӣ ҳамчун забони илм нақши арзанда гузоштааст.  
 
Мувофиқи маълумоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ аз соли 2000 то соли 2013 мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои марзиву маъмурии ҶТ» ва ба хотири татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ»  дар кишвар номи 1 вилоят, 3 шаҳр, 15 ноҳия, 13 шаҳрак, 78 деҳот ва 767 деҳа тағйир дода шудааст. 
 
Дар давраи фаъолияти солҳои 2013-2014 аз ҷониби кумита мутобиқи дархости мақомот ба номгузории 12 ҷамоати деҳот, 139 деҳа, 18 маҳалла,     13 мактаб, 1 коллеҷ, 1 китобхона, 1 боғи табиӣ ва 4 кӯча хулоса пешниҳод гардидааст. 
 
Бояд гуфт, ки номҳои таърихӣ барои ҳифзи асолати таърихии мавзеъҳои ҷуғрофӣ ва ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар шароити кунунӣ муҳим арзёбӣ мешавад.
 
Тибқи маълумоти Вазорати корҳои хориҷӣ вазорат мукотибаро бо намояндагони дипломатӣ ва намояндагони консулӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавие, ки дар ҶТ фаъолият менамоянд (ба истиснои баъзе давлатҳо) бо забони давлатӣ ба роҳ мондааст. Бо пешниҳоди вазорат Паёмҳои Президенти ҶТ, ки ба кишварҳои хориҷӣ фиристода мешаванд, ба гунае, ки дар русуми дипломатӣ маъмул аст, бо забони давлатӣ таҳия шуда, тарҷумаи ғайрирасмии он замима мегардад. Шартномаҳои байналмилалии дуҷониба бошад бо забонҳои давлатии тарафҳои аҳдкунанда ва шартномаҳои байналмилалии бисёрҷониба бо забонҳое, ки тарафҳо муайян кардаанд ба имзо расонида мешаванд. Гуфтушунид, пазироӣ ва нишастҳои матбуотие, ки миёни намояндагони давлатҳои хориҷӣ ва кормандони вазорат сурат мегирад, бо забони давлатӣ ва дар ҳолати зарурӣ бо забони пазируфтаи тарафҳо гузаронида мешавад.
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ берун аз ҳудуди кишвар дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мусоидат менамояд.
 
Баъди соҳибистиқлолии кишвар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ бо мақсади ҳимоя ва рушди забони давлатӣ берун аз марзи кишвар дар ҳудуди Федератсияи Русия бо 41 ташкилоти ҷамъиятӣ ва 30 маркази фарҳангӣ, дар Украина бо 2 ташкилот, дар Ҷумҳурии Қирғизистон бо 2 ташкилоти ҷамъиятӣ ва дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо 7 маркази фарҳангӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст.
 
Дар Федератсияи Русия зимни ҳамкорӣ бо диаспораҳо ва  Ташкилоти ҷамъиятии дӯстии халқҳои тоҷику руси «Сомониён» дар шаҳри Санкт-Петербург рӯзномаи ҳармоҳаи «Хуросон» ба забони тоҷикӣ нашр гардида, дастраси хонандагон мегардад. 
 
Ҳамчунин, Хадамот ҳамкориро бо Созмони тоҷикони Ҷумҳурии Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ дар ба роҳ мондааст. Бо ибтикори созмони тоҷикони Ҷумҳурии Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ  рӯзномаи “Ала-Тоо” таъсис дода шудааст.
 
Дар Хадамоти муҳоҷират рӯзномаи “Муҳоҷир” ба забони давлатӣ нашр мешавад, ки як қисми он дар қаламрави Федератсияи Русия ба воситаи намояндагӣ миёни тоҷикон паҳн мешавад.
 
Қобили тазаккур аст, ки баъд аз қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» Рӯзи забони давлатӣ ҳамасола ҳамчун ҷашни умумимиллӣ ва рамзи худогоҳию худшиносӣ таҷлил мегардад. 
 
Мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки (4 октябри соли 2012) бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, аҳли илму фарҳанг ва намояндагони насли ҷавони кишвар сурат гирифт, чорабинии муҳимтарини соли 2012 дар самти ҳимоя ва рушду такомули забони давлатӣ маҳсуб гардид. Дар мулоқот Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо маърӯзаи пурмуҳтаво суханронӣ ва дурнамои густариши забони давлатиро муайян намуд.
 
Боиси хурсандист, ки бо дастури Президенти кишвар зимни мулоқот ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ (4 октябри соли 2012) масъалаи татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» зери назорати шахсии роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, раисони Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қарор дода шуд. Ин иқдом, бешубҳа, барои татбиқи самарабахш ва устувори Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии ҶТ» ва Барномаи рушди забони давлатии ҶТ барои солҳои 2012-2016 мусоидат хоҳад кард.
 
 
 
 

 

Сентябрь 24, 2014 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд
Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 25 электромотороллер дастрас гардид
Бар асари бориши зиёд дар Бразилия панҷ нафар ҳалок ва 18 нафар бедарак шудаанд
Дар Чин шумораи бар асари фурӯравии қитъаи роҳи баландсуръат ҳалокшудагон ба 36 нафар расид
Хонандагони муассисаҳои таълимии Норак дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 35 медал шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд
Бар асари гармои шадид дар Бангладеш 10 нафар ҳалок шуд
Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид
МегаФон Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалии парапланеристонро дар Данғара дастгирӣ намуд
Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд