Бузургдошти Умари Хайём бо намоишномаи «Ошӯби Хайём»

Май 18, 2015 12:52

Душанбе, 18.05.2015. (АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Умари Хайём шоири адабиёти классикии форсу тоҷик буда, бар  замми  ин  риёзидон  ва  ситорашиноси бузург низ мебошад.  Умари  Хайёмро  дар  адабиёти ҷаҳон рубоиёташ машҳур гардонидааст. Умари Хайём  18 майи  соли 1048 милодй дар Нишопур зода шудааст. Маънии вожаи «xайём»   хаймадуз аст.  Номи  аслии шоир Абулфатҳ Умар бинни Иброҳим буда, Хайём лақаби ӯст. Ӯ соли 1040 дар Нишопур  таваллуд  ёфта, солҳои ҷавонӣ  ва  таҳсили  илмро  дар ин  ноҳия гузаронидааст. Хайём дар кўдакй  бо  Низомулмулк ва Ҳасани Саббҳ ҳаммадраса  будааст. Ӯ то 17-солагй тамоми донишҳои фалсафӣ ва ҷамъи илмҳои маъмул ва ғайримаъмули замонашро аз бар карда, дар ҳамин синн чун олиму донишманд  шинохта шуд. Дар солҳои ҷавонй шоир вақти худро бештар ба омӯхтани  илмҳои ҳандаса, тиб, фалсафа,  риёзиёт,  адабиёт  ва  ғайраҳо  сарф  кардааст. 
Шоир соли  1095  ба  Арабистон  меравад.  Соли  1112 ба  ватанаш  Нишопур  баргашта,  соли  1131  вафот кардааст.  
Хайём  олими  барҷаста  ва ҳакиме  ошно бо  дину фалсафа  буд.  Ӯ дар осори мансури худ шинохти табиат ва  алоқаи  табиатро  бо  дину  дунё  матраҳ  месозад.  Таълифоти    вай  зиёд  нест  ва  аз  чанд  рисола  иборат аст. Аз ҷумла рисолае дар алгебра, рисолае дар вуҷуд, мухтасаре дар табииёт, рисолаи  “Лавозиму-л-амкина”, рисола  дар  кавну  таклиф,  “Наврўзнома”  ва теъдоди дигар,  ки  баъзе  аз  ин  расоилро  мансуб  ба  ў  донистаанд. Дар  тартиб  додани  Зиҷи  Маликшоҳй  низ  Хайём нақши бузурге доштааст. 
Аз мероси адабии Хайём, ғайр аз таълифоти илмиаш боз шеърҳои ба ду забон  навиштаи  ӯ боқй мондаанд. Аз шеърҳои  ба забони  арабй  навиштаи  шоир фақат 5 қитъа то  давраи  мо омада  расидааст. Аз шеърҳои тоҷикиаш  дар баъзе маъхазҳо  172 ва дар баъзеи дигар  252  рубой  зикр ёфтааст.  Умари Хайём дар таърихи фарҳанги мардумони тоҷику форс аз бузургтарин шоиру файласуф ва риёзидону ҳайъатшинос буда, дар соҳаи тиб, мусиқӣ, ҷуғрофия ва илму ҳунарҳои дигар низ аз устодони комил ба шумор меравад. 
Бахшида ба рӯзи мавлуди ин мутафаккири бузур 16 май дар Театри  тамошобини ҷавон «Аҳорун» ба номи Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи ҷадиди коргардони шинохта Ғаниҷон Олимов ба намоиш гузошта шуд. Дар намоишномаи мазкур актёрони ҷавони театр нақш офариданд. 
Бино ба гуфтаи коргардон ва иҷрокунандаи нақши Хайём —  Ғаниҷон  Олимов вай  рӯи ин намоишнома заҳматҳои зиёде кашидааст, зеро шахсияти Хайём байни муҳаққиқон ҳанӯз норӯшан буда, то ҳол сари кӣ будани Хайём ҷустуҷӯҳо зиёданд. «Мушкилии дигар дар он буд, ки дар сари Хайём рубоиҳои зиёдеро бор кардаанд. Рубоиҳои аслии Хайём байни ин рубоиҳо гум шудаанд, яъне рубоиҳои сайёр шудаанд. Мушкилоти дигар барои ман он буд, ки ман ҳам муаллиф будаму ҳам нақши Хайёмро мебозидам. Хушбахтона, имрӯз намоишнома рӯи саҳна гузошта шуда ва тамошобини худро аллакай  ёфтааст»,- мегӯяд коргардон. 
Ғ.Олимов зикр намуд, ки дар  оянда талош меварзад, то намоишнома боз беҳтар гардад, зеро намоиш аслан то 10 -20 маротиба ба намоиш гузошта нашавад, онро таҳлил кардан душвор аст. 
«Баъди ҳар намоиш мо назму тавсифи беҳтаринро дарёфт хоҳем кард. Имрӯз пас аз намоиш аз мо талаб намуданд, ки мо намоишномаро сабт намуда, барои тамошобинон   пешкаш намоем»,-хабар дод Ғ.Олимов. 
Ардашер Маҳмадов, як актёри ин намоишнома, ки нақши майнӯшро офаридааст, мегӯяд, ки  «Ошуби хайём» ин дарди дунявии Хайём мебошад. 
«Ман дар ин намоишнома нақши майнӯшро иҷро кардам ва аз тариқи рубоӣ покии исломро тараннум месозам. Дар ин нақш ман симои  шахсонеро нишон додаам, ки чун оинаи зангзадаанду дар ҳар гӯшаю канори дунё партофта шудаанд, касе нест ки ин оинаҳоро тоза кунаду ҷиллои ҳақиқии онро бинад, ки он дар асл чӣ гуна аст. Қаҳрамони ман  шахси  парешонхотирест, ба вай касе эътибор намедиҳад, нисбат ба вай дағалӣ мекунанд ва вай ба касе чизе ҷавоб намедиҳаду доимо дар дилаш Худост. Вай  танҳо бо Худованд суҳбат мекунад, ягон дӯсте надорад, ки дасташро гирад, ба вай кумак кунад, дар зиндагӣ танҳо худаш ва ҷомаш асту халос. Дар намоиш вақте кӯзаи майи манро мешикананд, вуҷуду қолабу рӯҳи қаҳрамони ман мешиканад ва вай менолад, ки аз ман танҳо як кӯзае буд, ки ҳамон ҳам шикаст. Ман аз тамоми ҷавонон хоҳиш мекунам, ки ин намоишномаро тамошо кунанд, зеро дар ин намоишнома дарди замон, дарди ҷавонон намоиш дода шудааст.  Тавре ки мегӯянд, театр оинаи зиндагӣ аст, дар ҳақиқат мо аз  халқ мегирем ва ба халқ медиҳем. Ман умед дорам, ки ҳар шахс аз ин намоишнома ба худ чизе мебардорад»,-ибрози андеша намуд ҳунарманди ҷавони театри «Аҳорун».
Тамошобинон низ ин намоишномаро хуб қабул намуданд. Аз ҷумлаи тамошобинони ин намоишнома меҳмонон аз Сафорати Эрону Туркия буданд. Бино ба гуфтаи онҳо ҳарчанд 50 фоизи суханони ҳунармандонро нафаҳмида бошанд ҳам, бозии ҳунармандон хеле самимию касбӣ буд ва надонистани забон барои дарки мафҳуми ин намоишнома монеъ нагардид. 

 

Май 18, 2015 12:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «АҷиБадем» ифтитоҳ гардид
Шиносоӣ аз наздик. Муштариёни шаҳри Душанбе меҳмони оператори худ шуданд
Сафири ИМА зимни мулоқот дар водии Рашт самтҳои ҳамкории дуҷонибаю имконоти рушдро баррасӣ намуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ҳамоиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд