Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Сароҷ Кумар Ҷҳа
Душанбе, 12.01.15. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз дар мулоқоти Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷҳа натиҷаҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ниҳоди бузурги молиявӣ то соли 2016 ва дурнамои ин ҳамкорӣ барои солҳои оянда баррасӣ шуд.
Сарвазири мамлакат ба Сароҷ Кумар Ҷҳа, ки ваколатҳояш ба ҳайси директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хотима ёфт, барои ҳамкории густурда бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми чор соли охир изҳори сипос кард.
Ҷонибҳо дар мулоқот доир ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, саноат, маориф ва тандурустӣ табодули афкор карда, омодагию ҳавасмандии худро ба густариши ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги минтақавӣ изҳор намуданд.








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад






