Боздиди роҳбарони агентиҳои иттилоотии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Март 16, 2016 12:08

Душанбе, 03.15.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар Осорхонаи миллии пойтахт мулоқоти роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ бо донишҷӯёни донишгоҳҳои олии кишвар баргузор гардид. Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Заробиддин Қосимӣ дар бораи ҷаласаи дирӯза, ки дар Китобхонаи миллии пойтахт баргузор гардид, ба донишҷӯён маълумот дод.
«Мо дирӯз, 15 март аз фаъолияти агентиҳои иттилоотӣ дар соли 2015 натиҷагирӣ карда, нақшаи корӣ барои соли 2016-ро муҳокима кардем. Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории хадамоти аккосӣ ва омодагӣ ба ҷашни 25-солагии Иттиҳод, ки моҳи декабр таҷлил мегардад, баррасӣ шуд. Роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак низ табодули афкор намуданд.
Дар интиҳои ҷаласа байни агентиҳои иттилоотии давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Созишнома дар бораи ҳамкории хадамоти аккосӣ ба имзо расонидем»,-гуфт З. Қосимӣ.
Директори АМИТ «Ховар» инчунин ба донишҷӯён дар бораи ҳар як агентии иттилоотӣ маълумот дода, онҳоро бо роҳбарони агентиҳои бонуфузи ИДМ шинос намуд.
Роҳбарони агентиҳо бо донишҷӯён мулоқоти озод намуда, ҳар як донишҷӯ бо суоли худ ба онҳо муроҷиат намуд. Аслан донишҷӯён дар мавриди фаъолияти журналистони ҷавон, техникаю технологияҳои муосир, ҷалби донишҷӯёни факултаҳои журналистика барои кор дар агентӣ ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба мулоқот суол доданд.
Меҳмонон инчунин дар доираи мулоқот аз Осорхонаи миллӣ дидан намуда, аз таърихи бою ғании тоҷикон огоҳӣ пайдо намуданд. Ба меҳмонон сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон, ҳайвонҳои нодир ва табиати биҳиштосои кишварамон аз тариқи расму аксҳо намоиш дода шуд.

Март 16, 2016 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад