Ш.Шерова: Новобаста аз сатҳи иҷтимоию сиёсӣ нақши модари шоиста дар тарбияи фарзанд калидӣ боқӣ мемонад
Душанбе, 7.03.2016 (АМИТ «Ховар»). -Зан-модари тоҷик бо рӯҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибу одоби ҳамида, муҳаббату садоқати бепоён ва рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ ҳамеша мавриди васфу ситоиш қарор дорад.
Дар замони соҳибистиқлолии Ватан бо шарофати сиёсати созандаи роҳбарияти мамлакат занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гардидаанд.
Дар арафаи ҷашни Рӯзи модар АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки ба занону духтарони фаъоли касбу кори гуногун бо чанд савол муроҷиат намуда, андешаҳои онҳоро пешкаши хонандагон намояд.
Мусоҳиби навбатии «Ховар» Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ШВКД-2 дар ноҳияи Сино, майори милитсия Шаҳло Шерова.
«Ховар»: Сиришти занону модарони рўи олам аз покиву зебоӣ офарида шудааст. Рисолати зан-модари тоҷикро дар замони муосир чӣ тавр метавон шарҳ дод?
Ш.Шерова: Беҳтарин суханҳо дар ҳаққи зан- модар гуфта шудаанд ва дар оянда низ ин анъана идома хоҳад ёфт. Дар замони муосир шукри сулҳу истиқлолияти кишвар иштироки занҳо дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ эҳсос мешавад. Дар ҷомеаи муосир занони тоҷик бо баробари шинохти мақому манзалати хеш дар сохтори мухталифи давлат фаъолият менамоянд. Зиёд гаштани сафи занон дар мақомоти давлатию қудратӣ ин шаҳодати баланд будани мақоми эшон дар замони муосир мебошад.
«Ховар»: Оё мақоми имрўзаи зан-модари тоҷик барои тарбияи фарзандон, ҳидояти наврасону ҷавонон ба роҳи нек, нигоҳдории оила мусоидат мекунад?
Ш.Шерова: Инкишофи ахлоқии фарзанд, пеш аз ҳама, ба нақши зан-модар вобаста аст ва тарбияи фарзанд дар муҳити хонаводагӣ сарчашма мегирад. Рисолати аввалини зан барпо намудани оила, тарбияи фарзанд ва нигаҳдории гармию равшанӣ дар хонадон аст.
«Ховар»:Ба андешаи Шумо дар кадоме аз ин аз ин давраҳо занону модарон мақоми болотару беҳтар доштанд: пеш аз асри ХХ, даврони шўравӣ ва ё замони соҳибистиқлолӣ?
Ш.Шерова: Аслан занон дар ҳама давру замон мақоми болотару беҳтар доштанд. Ба андешаи ман дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон теъдоди зиёди занони сиёсатмадор дар умури давлатӣ фаъолият менамоянд. Ва ин шаҳодати он аст, ки мақоми зан дар замони муосир рӯз то рӯз баландтар мешавад, яъне мавқеи зан дар баробари мардон бояд бошад. Фақат занҳо бояд донанд, ки онҳо бояд дорои як хислати нозук — ахлоқу рафтори ҳамида бошанд.
Новобаста аз сохтори давлатӣ, сатҳи иҷтимоию сиёсӣ нақши модари шоиста дар тарбияи фарзандон калидӣ боқӣ мемонад.
Ҳовар»:Тавофут миёни занону духтарони маълумоти олидошта ва бемаълумот, фарқ миёни занони хонашин ва коргар аз нигоҳи Шумо?
Ш.Шерова: Ба андешаи ман новобаста аз сатҳи иҷтимоӣ бонуи хубу порсо рисолати азалии худ тарбияи фарзанди солиму хушахлоқро дар ҷои аввал мегузорад. Тафовут байни занони хонашин ва коргар дар он аст, ки масъулияти занони коргар бештар аст, яъне онҳо ҳам кори хонаро мекунанду ҳам кори давлатро ба сомон мерасонанд.
«Ховар»: Мегӯянд фазои хонаро зан месозад, дар оилаатон фазои орому таскинбахшро Шумо чӣ тавр таъмин мекунед?
Ш.Шерова: Албатта, таъмини фазои орому таскинбахш дар хонадон аз зан -модар вобастагӣ дорад. Ва ман ҳамчун зан ва модари хонадон, пеш аз ҳама, вазифадор ҳастам, ки рисолати модарии худро ба ҷо биёрам, яъне нигаҳдории меҳру вафо дар оила, тарбияи фарзандон ва модари меҳрубону ғамхор будан.
«Ховар»:Таманнои Шумо ба бонувони тоҷик
Ш.Шерова: Ҳамаи модарон ва бонувони азизро бо фарорасии Рӯзи Модар, ки ба оғози баҳори оламафрӯз рост меояд, табрик гуфта, барояшон саодатмандию иқболи нек, умри дароз ва ҳама хушиҳои зиндагиро таманно дорам.








Намояндаи Африқои Шимолӣ Мпҳепҳу Нндвелени: «Тоҷикистон пешоҳанги ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар ҷаҳон аст»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
Мадина Қурбонзода: «Бо роҳнамоиҳои Пешвои миллат тавонистам дар мусобиқоти сатҳи баланд Парчами давлатиро парафшон созам»
Олег Кобяков: «Конфронси Душанбе ба таҳияи барномаи нави Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ мусоидат мекунад»
Раймунд Йелле: «Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим нақши муҳим дорад»
Агаси Арутюнян: «Конфронси 35-уми минтақавии ФАО барои муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон ва иқтидори кишоварзии он имконияти васеъ фароҳам меорад»
Нигина Анварӣ: «Баргузории Конфронси ФАО дар Душанбе бозгӯи эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон ва саҳми фаъолонаи он дар рушди устувори кишоварзӣ аст»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд ҳузури беш аз 2500 иштирокчӣ аз 100 давлати ҷаҳон пешбинӣ шудааст
Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
Мунфиза Сайфиддинзода: «Хизмат барои ҳифзи саломатии инсон ҳадафи асосии ихтироъкории ман аст»
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
МАРКАЗИ РУШДИ ҲУНАРМАНДӢ ВА МАЛАКАҲОИ КАСБИИ МУОСИР. Кадом касбу ҳунарро дар ин ҷо метавон омӯхт?






