Корҳои тарғиботӣ оид ба раъйпурсии умумихалқӣ вусъат меёбанд
Ваҳдат, 16.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар хонаи маданияти «Чашма»-и ҷамоати шаҳраки Нуъмон Розиқи шаҳри Ваҳдат оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузор гардидани раъйпурсии умумихалқӣ бо иштироки гурӯҳи кории Комиссияи ҳавзавии раъйпурсии шаҳр, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва сокинони ҷамоат вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин иброз намуданд, ки тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда барои ба марҳалаи имрўзаи рушд ворид шудани давлат ва ҷомеа мувофиқ буда, онҳо ба мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, тақвияти кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, ташаккули мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ҷалби фаъолонаи шаҳрвандон, дар навбати аввал ҷавонон ба ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ равона гардидаанд.
Ҷавонону собиқадорони ҷамоати мазкур аз лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсия пуштибонии амиқ намуда, иброз доштанд, ки ҳар нафари ватандўст дар раъйпурсии умумихалқӣ, ки рўзи 22 майи соли 2016 баргузор мегардад, бояд фаъолона иштирок намуда, раъйи худро диҳад.








Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд






