О. Нозимов: Дар Душанбе бар асари боришот талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст

Май 16, 2016 14:06

Душанбе, 16.05.2016. /АМИТ «Ховар»/.    Боришоти рӯзҳои охир ба тамоми минтақаҳои Тоҷикистон хисороти моливу ҷонӣ расониданд. Кормандони  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои наҷотдиҳӣ ва барқарорсозии ноҳияҳои дар натиҷаи  сел зарардида имрӯзҳо машғуланд. Вобаста ба корҳои анҷомдодаи кумита, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирии офатҳои табиӣ бо котиби матбуотии КҲФ ва МГ Ориф Нозимов ҳамсуҳбат гардидем:

«Ховар»: Мегуфтед, ки КҲФ ва МГ барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиии рӯзҳои охир  кадом корҳоро анҷом дода истодаанд?

О. Нозимов: Бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои офати табиие, ки дар шаҳри Панҷакент, ноҳияи  Айнӣ ва Рўдакӣ  рух доданд, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҷузъи таркибии Комиссияи махсус оид ба рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода,  ҷиҳати корҳои  бартарафсозӣ як қатор корҳоро ба сомон расониданд.

Дар ноҳияи Рўдакӣ дар рўзи ба амал омадани ҳолати фавқулода наҷотдиҳандагони Кумита аз ҳисоби Маркази наҷотдиҳии Кумита, Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Душанбе, Дастаи зудамали шаҳри Душанбе ва ҳайати шахсии қисму воҳидҳои низомии Кумита, беш аз 1500 нафарро аз муҳосираи обу лойқаи мавзеъҳои хатарнок ба ҷойҳои бехавф кӯчониданд, ки ин аз фаъолияти хуби кормандони Кумита дарак медиҳад.

Дар айни замон комиссия ҷиҳати муайянсозии ҳаҷми хисорот фаъолият дошта, ҳамзамон кормандони наҷотдиҳӣ бо мақсади тақсим намудани кумаки башардӯстона  ба аҳолии зарардида фаъолият доранд.

Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи фавқулодаи РЕАКТ оид ба расонидани кумаки фаврӣ қарор қабул шуда буд.

Ҳамин тариқ, дар як муддати кӯтоҳ  аз тарафи  Кумита ба аҳолии зарардида 10 номгўй кумаки аввалиндараҷа ба 12 хоҷагиҳо, ки тақрибан 90 нафарро ташкил медиҳанд,расонида шуд.

Аз тарафи Кумита корҳои бартарафсозӣ идома дорад.

Бояд зикр  кард, ки раиси Кумита генерал-лейтенант Р.Назарзода ва муовини якуми раис   Р.Шоҳиён ҷиҳати бартараф намудани ҳолати фавқулода дар ноҳияи Рўдакӣ қарор доранд.

«Ховар»: Дар натиҷаи боришоти рӯзи 14 май кадом минтақаҳову ноҳияҳо бештар осеб диданд?

О. Нозимов: Ҳафтаи сипаригашта дар кишвар ярч ва омадани сел ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он ба аҳолӣ зарари моддӣ расонида шуда, муттассифона, талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шуд.

9 майи соли равон дар натиҷаи боришоти пай дар пай дар деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ ҷамоати Урметан сел омада, зани 41-сола ва писари 17- солаи ў ба ҳалокат расиданд. Ҷасади онҳо аз тарафи наҷотдиҳандагони Кумита дарёфт ва ба хешовандонаш супорида шуд. Инчунин дар натиҷаи ин офати табиӣ ба чорводорони деҳаи мазкур хисороти моддӣ расонида шуд.

Худи ҳамон рӯз дар деҳаҳои Шӯрча ва Кӯктоши  ҷамоати Халифа Ҳасани ноҳияи Панҷакент, дар натиҷаи боронҳо  ярч фаромад, ки ба  як қатор биноҳои истиқоматӣ ва иншооти саноатӣ зарар расонида, 2 км роҳи мошингард, 2 пул ва 60 гектар майдони кишт шуста шуд.

Дар айни замон,аз ҳисоби роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ёрӣ расонидан ба аҳолии зарардида ситодҳо ва комиссияи махсус ташкил карда шуда, корҳои барқароркунӣ идома доранд. Кумита бори дигар ба шаҳрвандон мерасонад, ки ҳушёриро дар минтақаҳои эҳтимоли фаромадани сел ва сангрезаҳо аз даст надиҳанд.

«Ховар»: Дар шаҳри Душанбе вазъи пешгирӣ аз омадани сел чӣ гуна аст ва ситоди шаҳрӣ барои пешгирии он кадом корхоро анҷом медиҳад?

О. Нозимов: Бар асари боронҳои пуршиддати рўзҳои 11 ва 12 май дар ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе сатҳи оби дарёи «Варзоб» аз меъёр баланд шуда, соҳили чапи дарёи Варзобро дар хиёбони «Ҳофизи Шерозӣ», шафати кўли«Ҷавонон» тақрибан ба масофаи 150 метр, дар рў ба рўи селпартои «Шураксой»-и маҳаллаи Хўҷамбиё тақрибан ба масофаи 120 метр ва дар шафати «Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2» тақрибан ба масофаи 80 метр, инчунин дар маҳаллаи «Варзоб- ГЭС», кўчаи «Деҳнаваки поён», шафати лагери «Шарора» соҳили чапи дарёи Варзоб тақрибан ба масофаи 100 метр таҳдид намуд.

Инчунин бар асари боришоти боронҳои пай дар пай оби дарёи «Варзоб» дар ноҳияи Синои пойтахт баланд шуда, соҳили рости дарёи Варзобро дар маҳаллаи «Комсомол», шафати анбори захираи ангишти «Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2» тақрибан ба масофаи 200 метр дарозӣ ва 6 метр баландӣ таҳдид намуд.

Инчунин селоби дарёи «Лучоб» баланд шуда, иншооти соҳилмустаҳкамкунии соҳили чапи дарёи «Лучоб»-ро дар маҳаллаи Лучоби боло, шафати майдончаи варзишии маҳалла тақрибан ба масофаи 70 метр вайрон кард.

Ногуфта намонад, ки маҳз фаъолияти хуби кормандони Кумита, аз ҷумла Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Душанбе дар самти бартарафкунии ҳолати баамаломада назаррас аст. Наҷотдиҳандагони ситоди шаҳри Душанбе ҷиҳати тоза кардани мавзеи селоба ва маҳкамгардида дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои дахлдор фаъолияти хуб нишон доданд. Аз ин ҷост, ки талафоти ҷонӣ дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта нашуд.

«Ховар»:  КҲФ ва МГ барои пешгирии чунин ҳодиса кадом корҳоро ба анҷом расонида истодааст? Яъне корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ дар ин самт чӣ гуна роҳандозӣ шудаанд?

О. Нозимов: Бо супориши бевоситаи Раиси КҲФ ва МГ назди ҲҶТ Р.Назарзода ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои фавқулода дар кишвар Кумита пайваста тадбирҳои муассир меандешад. Аз ҷумла, қабл аз номусоидии обу ҳаво ба тамоми сохторҳои Кумита дар шаҳру навоҳии кишвар, аз ҷумла ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода, барқияи огоҳӣ фиристода шуд. Ҳайати  шахсии Ситодҳо,  дастаҳои наҷотдиҳӣ, гурўҳҳои махсуси наҷотдиҳии сохторҳо ба ҳолати омодабош гузаронида шуданд.

Инчунин аз тариқи  ВАО муроҷиатномаи Кумита ба аҳолӣ расонида шуд, ки мақсади он  аҳолиро дар ҳолати омодабош қарор додан ва пешгирии ҳодисаҳои фавт дар ҳолатҳои фавқулода мебошад.

Ногуфта номонад, ки маҳз корҳои фаҳмондадиҳӣ ва зиракиву чолокии кормандони Кумита буд, ки дар ҳолати фавқулодае, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ рух дод, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Худ қазоват кунед, агар мувофиқи маълумоти пешакӣ, ки сел тахминан ба 1146 хонаи истиқоматӣ таҳдид намуд ба ҳисоби миёнаҳар оила  5 узви оила дошта бошанд, шумораи фавт ба чӣ қадар мерасид?. Аз ин рӯ, ин корҳои фаҳмондадиҳӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар пешгирии фавт дар ҳолатҳои фавқулода маҳсуб мешаванд.

«Ховар»: Ҳангоми боришоти зиёд ва омадани сел ронандагону мардуми он минтақа  бояд чӣ кор кунанд?

О.Нозимов: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ пайваста ба аҳолии кишвар маслиҳат медиҳад, ки вобаста ба тағйирёбии ҳарорати обу ҳаво безарурат аз тариқи шоҳроҳҳо сафар накунанд ва ронандагон низ қоидаҳои заруриро риоя намоянд. Ҳамзамон аҳолӣ дар рўзҳои боронӣ аз ҳар гуна фаъолият дар кўҳсор, аз ҷумла гузаронидани кишт, чидани алафҳои баҳорӣ ва  ҷамъоварии ҳезум худдорӣ намоянд.

 «Ховар»: Ташаккур барои суҳбат.

Лайло Қосимова

 

Май 16, 2016 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Коршиносони Маркази тадқиқоти стратегӣ дар конфронси байналмилалӣ доир ба рушд ва ҳамкории Чин ва Тоҷикистон иштирок намуданд
Дар ЭКСПО-и фарҳангии шаҳри Лондон гӯшаи фарҳанги миллӣ ва намоиши либосҳои тоҷикӣ ташкил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе доир ба нақши оила дар рушди сармояи инсонӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
АЗ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИФТИХОР ДОРЕМ. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд
«МегаФон Тоҷикистон» интернет туҳфа менамояд
Ҳилоли Аҳмари Эрон дар бораи марги президент ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон иттилоъ дод
Изҳороти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Яке аз чархболҳои корвон бо ҳузури Президенти Эрон фуруди сахт анҷом дод
«МАОРИФ-АСОСИ ТАКМИЛ ВА РУШДИ ИНСОН». Таҳти чунин унвон китоби нав нашр гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад