«СASA-1000» на фақат аҳамияти тиҷоратӣ, балки иҷтимоӣ, сиёсӣ ва амниятӣ низ дорад

Май 10, 2016 16:09

Душанбе, 10.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. 12 май  дар Тоҷикистон маросими расмии татбиқи тарҳи  «СASA-1000», ки яке аз лоиҳаҳои бузургтарин дар минтақа ба ҳисоб меравад, баргузор хоҳад гашт. Ин лоиҳа барои чор кишвар-Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон як қатор  манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ хоҳад овард.

Дар робита ба ин ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода андешаҳояшро ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин баён намуд:

«CASA-1000» аз лоиҳаҳои калонтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад

-Лоиҳаи хатти интиқоли барқи «CASA-1000» яке аз лоиҳаҳои калонтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аз нуқтаи назари дарозӣ, иқтидор ва иштироки кишварҳо амсоли он дар Амрикои Шимолӣ 340 ҳазор километр ва дар Аврупо 230 ҳазор километр буд ва «CASA-1000» 1200 километрро дар бар мегирад. Чор кишвар-Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон иштирокчии ин лоиҳа ба ҳисоб мераванд. Лоиҳаи «CASA-1000» дар байни ин кишварҳо таҳия шудааст ва созишномаҳои мухталиф ба имзо расидаанд, ки ҳоло қисми ин лоиҳа амалӣ гашта истодааст. Дар назар дошта мешавад, ки дар доираи хатти интиқоли ин барқ «CASA-1000» барқи изофагӣ аз Қирғизистон ва Тоҷикистон ба Афғонистон ва Покистон содир карда мешавад.

Иқтидори умумии лоиҳа 1300 мегаваттро дар бар мегирад

-Иқтидори умумии лоиҳа 1300 мегаваттро дар бар мегирад. Аз зеристгоҳи «Датка», ки дар Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад, то зеристгоҳи «Суғд» 477 километрро фаро мегирад. Як зеристгоҳ бо иқтидори 1300 мегаватт дар «Сангтӯда» бунёд мегардад ва хатти интиқоли барқи пуршиддат дар масофаи 750 километр аз Сангтӯда то Кобул ва Пешовар бунёд карда мешавад. Инчунин як зеристгоҳи барқӣ бо иқтидори 300 мегаватт дар Кобул бунёд мегардад. Ин зеристгоҳ махсусан содирот ва воридоти барқро таъмин менамояд. Аз ҷумла, нуқтаи ниҳоии ин лоиҳа зеристгоҳи барқӣ бо иқтидори  1300 мегаватт дар Пешовари Ҷумҳурии Исломии Покистон бунёд мегардад. Дар маҷмӯъ, қисме аз ин лоиҳаи «CASA-1000» аллакай бунёд шудааст. Хатти интиқоли барқи Ҷануб-Шимол, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амалигардонии лоиҳаи сармоягузории давлатӣ бунёд гардид, аллакай қисме аз ҳамин лоиҳаи «CASA-1000»–ро дар бар мегирад.

Арзиши содиротии барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон барои Афғонистон ва Покистон ниҳоят арзон аст

-Дар фасли тобистон барқи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизитон изофагӣ менамояд ва нисбатан барқ  арзон аст. Ҷунки дар сурати дар неругоҳи барқи обӣ истеҳсол намудани барқ то 5-6 карат арзиши аслии он пасттар мешавад, назар ба оне ки барқ дар неругоҳҳои аловӣ ва атомӣ итеҳсол карда шавад.

Дар Ҷумҳурии Исломии Покистон қисми зиёди барқ дар неругоҳҳои аловӣ ва атомӣ истеҳсол карда мешавад ва арзиши дохилии худи барқ дар ин кишвар ба ду қисм ҷудо мешавад. Барои барқи кафолатдодашуда тахминан 13 сенти амрикоӣ ва барои барқи кафолатдоданашуда зиёда аз 9 сент аст. Арзиши содиротии барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон тахминан 4 сентро ташкил медиҳад, ки ин барои Афғонистон ва Покистон ниҳоят арзон аст. Дар ҳолати амалӣ гаштани лоиҳаи «CASA-1000» норасоии барқ дар ин кишвар рӯйпӯш карда мешавад.

Ҳукуматҳои Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар оянда ҳамчун содиркунандаи неруи барқ барои амалигардонии лоиҳа мароқ зоҳир карда буданд. Албатта, дар амалигардонии ин лоиҳа ва ҷалби маблағгузории хориҷӣ ташаббуси Пешвои миллат хеле калон аст. Нисбат ба дарёфти пурраи сарчашмаҳои маблағгузории ин лоиҳа, ки зиёда аз 1 миллиард долларро ташкил медиҳад, гуфтан мумкин аст, ки қисми асосии маблағҳо бевосита бо ташаббуси Пешвои миллат дастрас гардидаанд.

Дар Тоҷикистон бозори фурӯши барқ ёфт шуд

-Дар сурати татбиқи тарҳи бузурги минтақавии «CASA-1000» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда барқи изофагӣ содир шуда, ба яке аз сарчашмаҳои даромади асъорӣ табдил меёбад. Дар шароите, ки неругоҳи барқи обӣ бо харҷи камтар барқ истеҳсол менамояд, кишварҳо бештар ба ҳамин неругоҳҳо таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Дар Тоҷикистон ва Қирғизистон шароити дарёҳои кӯҳӣ имкон медиҳад, ки иқтидори энергетикии ин дарёҳо истифода бурда шавад. Дурбиниву дурандешии Пешвои миллат буд, ки барои бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» талош меварзад ва Неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда»-1 ва 2 аллакай ба фаъолият шурӯъ кардаанд. То андозае барқи зиёдатӣ ба вуҷуд оварда шудааст.  Ҳамон давраҳо Пешвои миллат барои бозори фурӯши барқи Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дод ва ин бозори фурӯш ёфт шуд.

Дар ҳолати амалӣ гардидани лоиҳаи «CASA-1000»  Тоҷикистон аз фурӯши барқ дар оянда метавонад миллионҳо даромади асъорӣ гирад, ки ин барои диверсификатсияи содироти Тоҷикистон ва умуман барои худи Тоҷикистон аҳамияти калон дорад. Дар баробари ин бо амалӣ гаштани ин лоиҳа дар вақти бунёди зеристгоҳҳо ҳазорҳо ҷойҳои корӣ таъсис дода мешаванд, ки ин, албатта, барои амалӣ гаштани сиёсати шуғли аҳолӣ дар Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум саҳми босазо хоҳад гузошт.

«CASA-1000» амнияти минтақавӣ ва густариши тавсияи ҳамкории минтақавиро низ дар таркибу мазмуни худ дорад

-Дар ҳақиқат Афғонистону Покистон аз норасоии барқ танқисӣ мекашанд.  Аз рӯи ҳисобе, ки дар доираи асосноккунии ин лоиҳа муайян карда шудааст, дар Покистон барои васеъ кардани истеҳсолоти саноатӣ 1000 мегаватт зиёдтар барқ намерасад ва Тоҷикистон бозори тайёр аст барои фурӯхтани барқ ба ин кишварҳо. Барои дар оянда бо иқтидори пурра фаъолият кардани корхонаҳои саноатии ин кишвар ва зиёд намудани иқтидори онҳо рушди иқтисодии он таъмин хоҳад шуд. Татбиқи ин лоиҳа барои Афғонистон яке аз сарчашмаҳои муҳим ба ҳисоб меравад, то ки истеҳсолот дар ин кишвар ба роҳ монда шавад. На фақат барои таъмини аҳолӣ бо барқ, балки барои рушди оянда иқтисодии ин кишвар маҳз норасоии барқ халалдор хоҳад буд. Дар баробари ин  ҳамаи ҷабҳаҳо боз амнияти минтақавӣ ва густариши тавсияи ҳамкории минтақавиро низ дар таркибу мазмуни худ дорад.

«CASA-1000» оғози ташкили шабакаи ягонаи энергетикӣ дар оянда

Бояд тазаккур дод, амалӣ гардидани тарҳи «CASA-1000» аз як тараф барои Тоҷикистон ва Қирғизистон сарчашмаи даромади асъорӣ гардад,  аз тарафи дигар ин яке аз усулҳои таъмини рушди босубот дар минтақа ба ҳисоб меравад. Аз нуқтаи назари экологӣ истеҳсоли барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ тоза ба ҳисоб меравад ва ба рушди устувори минтақа таъсири ниҳоят калон хоҳад расонид. Бурде, ки умуман чор кишвар ва минтақа ба даст меоранд, ин як тавозуни умумии энергетикӣ буда, мувозинат ба вуҷуд меояд, ки дар ҳолатҳои камчинии барқ дар ин ё он қисм он аз ҳисоби зиёдатии барқ рӯйпӯш карда мешавад. Эҳтимол бо кашидани ин хатти интиқоли барқ аз зеристгоҳи «Датка» то Пешовари Покистон оянда боз лоиҳаҳои дигаре, ки шохаҳои ҳамин лоиҳаро тартиб медиҳанд, пайдо шаванд ва ба он кишварҳои дигар ҳам ҳамроҳ шаванд.

Дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки 15 кишвари Осиё ва Шарқи Наздикро дар бар мегирад, маҳз тавсияи ҳамкорӣ дар самти гидроэнергетика ва умуман энергетика яке аз самтҳои асосии ҳамкориро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ яке аз самтҳои асосӣ ин ташкили шабакаи ягонаи энергетикӣ ба ғайр аз коммуникатсионӣ, яъне нақлиёт ва ғайра шабакаи  ягонаи энергетикӣ дар назар дошта шудааст. Бояд тазаккур дод, ки дар доираи ҳамин самти ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ин аввалин лоиҳаи бузургтарин ба ҳисоб меравад, ки дар оянда оғози ташкили ин шабакаи ягонаи энергетикӣ ба ҳисоб меравад.

Татбиқи «CASA-1000»  дар ҳалли масъалаи боздошти ҷанг дар Афғонистон мумкин нақши калон бозида тавонад

«CASA-1000»  барои тамоми минтақа, ҳатто пайваст кардани Осиёи Марказӣ бо Осиёи Ҷанубӣ дар оянда бо Шарқи Наздик  ва ташкили шабакаҳои дигари барқӣ аҳамияти муҳим дорад. Худи ташкили чор зеристгоҳ, ки бевосита барои содир ва вориди барқ махсус гардонида шудаанд, далели гуфтаҳост. Чӣ хеле ки гуфтем, амсоли он дар ҷаҳон хеле кам аст. Аз тарафи дигар, аҳамияти он барои Осиёи Марказӣ дар он аст, ки дар оянда бо ташкили ҳамин шабака метавонанд кишварҳои дигари Осиёи Миёна ва Осиёи Марказӣ ба ин шабака ҳамроҳ шаванд. Дар оянда барои ташкили мувозинаи энергетикии умумӣ саҳми Тоҷикистону Қирғизистон махсусан зиёд буда метавонад. Бояд тазаккур дод, ки яке аз мушкилоти ҳалталаби амнияти минтақа ҳалли худро ёфт.

Вақте ки «толибон» хатти интиқоли барқи ҳозирамалкунандаро, ки  ба қаламрави Афғонистон аз Тоҷикистон кашида шудааст, таркониданд, тамоми қувваҳои мусаллаҳи Ҳукумати расмии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон кӯшиш карданд, ки ҳамон хатти интиқоли барқ ягон осеб набинад. Дар ҳолати амалӣ гаштани ин лоиҳа ва гузаштани хатти интиқоли барқи калон то Пешовари Покистон ҳамин чор кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки амнияти хатти интиқоли барқ таъмин гардад. Лоиҳаи мазкур дар оянда барои таъмини амнияти сиёсӣ дар Афғонистон, ҳатто дар ҳалли масъалаи боздошти ҷанг дар ҳамин кишвар мумкин нақши калон бозида тавонад. Ин кишварҳо барои харидории барқи арзон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон вақте ҳавасманд ҳастанд, кӯшиш менамоянд, ки ҳам барои аҳолӣ, ҳам барои эҳтиёҷоти аввалӣ ва ҳам барои эҳтиёҷоти саноатӣ ин барқ самаранок истифода бурда шавад.

Дар маҷмӯъ, амалӣ гардидани ин лоиҳа дар минтақа на фақат аҳамияти тиҷоратӣ, балки аҳамияти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва амниятӣ низ дорад.

Таҳияи Мавҷуда Анварӣ

Май 10, 2016 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад