Донишҷӯёни тоҷик дар Миср: Сулҳу ваҳдати кишварамонро чун гавҳараки чашм нигоҳбон бошем

Июнь 27, 2016 11:02

Душанбе, 27.06.2016. /АМИТ«Ховар» /. Дар  шаҳраки Насри Қоҳира ба муносибати 19-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш  бо иштироки шаҳрвандони тоҷики муқими Миср ва узви Иттиҳоди донишҷӯёни тоҷик  дар Миср  баргузор гардид. Дар аввал насли калонсол оид ба таърихи Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки худ шоҳиди бевоситаи он буданд, маълумот дода, иштирокдорони ҳамоишро бо ин ид табрик гуфтанд. Сипас Ғаюрзода Ҷовидон,  донишҷӯи тоҷик дар Миср дар назди  иштирокдорони ҳамоиш дар мавзӯи  «Таҳия ва имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон» маърӯза намуда, зикр намуд, ки  сулҳу ваҳдат беназиртарин дастоварди миллати тоҷик арзёбӣ гардида,  таҳкимгари Истиқлолияти давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешаван.  Номбурда иброз дошт, ки  фардои дурахшони тоҷикистониён ба ҳамин ду мафҳуми пурмаъно алоқамандӣ дошта, мо, донишҷӯёнро зарур аст, ки  бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда,   ҳамчун мутахассисони баландихтисос  ба Ватан баргашта, дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол  саҳми босазо гузорем ва сулҳу ваҳдати кишварамонро, ки омили асосии ба мақсадҳои наҷиб расидан аст,  чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Қодири Давлат, раиси Иттиҳоди донишӯёни тоҷик ҳозиринро ба ваҳдату якдилӣ ҳидоят намуда, онҳоро барои муттаҳид шудан дар атрофи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон бо номи он кас пайванди ногусастанӣ дорад, даъват карда, аз ҷумла  афзуд, ки имрӯзҳо баъзе шахсон ва гурӯҳҳои нотавонбину кӯрдил  барои манфиатҳои шахсии худ мехоҳанд вазъиятро дар кишвар боз ноором сохта,  дастовардҳои кишвар ва миллати моро, ки аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ пазируфта шудаанд, зери суол гузоранд. Мо набояд фирефтаи дасисаҳои  онҳо гардем,  ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода,  бо рафтори намунавӣ  обрӯву эътибори миллатамонро дар Миср ва тамоми ҷаҳон нигоҳ дорем ва сулҳу ваҳдати кишварамонро, ки ба ивази ҷони ҳазорон нафар фарзандони ин сарзамин  ба даст омадааст, ҳамеша нигоҳбон бошем, -афзуд Қодири Давлат.

Ҳошимхони Абдураҳмонзода,
донишҷӯи тоҷик дар Миср

Июнь 27, 2016 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар